(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи Рӯзи Модар Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба манзили якчанд нафар бонувони собиқадори арсаи сиёсат, маориф, саноат, иҷтимоиёт ва ғайра рафта, эшонро табрик намуд.

Маъруф Муҳаммадзода зимни мулоқоти самимӣ бо Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Биҳоҷал Раҳимова, собиқадори меҳнат, зани 101 сола Биазиз Гулматова, собиқадори соҳаи маориф Мушарраф Юнусова, бонуи серфарзанд Санавбар Бобоҷонова ва дигарон аз ғамхориҳои Роҳбарияти Давлату Ҳукумат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки занону модарони тоҷик дар гузаштаи начандон дур ва бухусус замони Истиқлолият дар баробари ба даст гирифтани ташаббус дар бобати ба низом даровардани оила ва расму оинҳои халқӣ, тарбияи насли аз ҷиҳати ҷисмониву маънавӣ солими ҷомеа, инчунин дар пешрафти иктисодиву иҷтимоӣ ва афзоиши иқтидори истеҳсолӣ ва ободии Тоҷикистони азизамон саҳми арзанда гузошта истодаанд. Корҳои бунёдкорӣ ба муносибати 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷараёни тоза касб намудааст, ки бо дасти насли ҷавону бо тарбияю раҳнамоиҳои модарон, яъне эҳсоси гарми одамияту башардӯстӣ, худшиносиву ватанпарастӣ ва бунёдкориву созандагӣ сурат гирифта истодааст.

Аёдатшудагон, аз ҷумла Биҳоҷал Раҳимова, ки аз соли 1983 то соли 1989 Котиби кумитаи партиявии вилояти Ленинобод оид ба идеология буда, соли 1989 баъди депутати халқии собиқ ИҶШС интихоб шудан ба ҳайси муовини Раиси Кумитаи Шӯрои Олии ИҶШС оид ба корҳои занон, ҳифзи модарон ва кӯдакон фаъолият дошт. Баъдан дар соли 1990 вайро котиби КМ ПК Тоҷикистон интихоб карданд. Соли 1991 Биҳоҷал Раҳимоваро ба вазифаи хеле масъулиятнок - муовини сарвазири ИҶШС пешбарӣ намуданд. Пасон вай то соли 1992 мудири шӯъбаи барномаҳои иҷтимоии Кумитаи иқтисодии байниҳукуматии Иттифоқи Давлатҳои мустақил(СНГ) ва муовини вазири саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Мавсуф аз заҳматҳои шабонарӯзии Роҳбари Давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ гардида, шукронаи нозу неъмат ва амну осиштагии кишварро намуд. Ва барои таваҷҷуҳу ғамхорӣ миннатдорӣ баён кард.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд