(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altМодарони меҳрубон, бонувон ва хоҳарони азиз!

Дар оғози фасли баҳор фаро расидани Рўзи модар – ин ҷашни барои ҳамаи мо бисёр азизро ба кулли сокинони шаҳр самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву сарбаландӣ орзу менамоям.

Нақши бонувон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзанд ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад.

Тавре Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Имрўз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад.»

Боиси тазаккур аст, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар баланд бардоштани мақому манзалати зан ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъати тоза гирифт. Дар сатҳи Ҳукумати кишвар қабул гардидани чандин Барномаҳои махсуси давлатӣ, хусусан интишори Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» далели гуфтаҳои болоанд. Ин маънои онро дорад, ки имрўз дар кишвари азизамон, аз ҷумла маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд барои фаъолгардонии нақши зан дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ шароит фароҳам оварда шудааст.

Мақому манзалати занон дар ҷомеаи мутамаддини мо ҳамеша болост ва дар ин маврид ғамхориҳои рўзафзуни давлату Ҳукумат ва таваҷҷўҳи Раиси вилоятамон, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, диққату эътибори доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр нисбати занону духтарон, баланд бардоштани мавқеъ ва мартабаи зан дар ҷомеа дарку эҳсос мешавад.

Аммо, дар ин роҳ пеш аз ҳама азму талош ва кўшишҳои паёпаи бонувони мо нақши ҳалкунандаро мебозад.

Итминони комил дорам, ки занону модарони арҷмандамон рисолати ҳамешагии хеш - тарбияи зебоиву иффат, ҳалолкориву поксириштиро дар замири фарзандон идома дода, насли навраси кишвари соҳибистиқлоламонро дар рўҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ ба камол мерасонанд, то онҳо тавонанд парчами кишварамонро ба сўи уфуқҳои ояндаи дурахшон парафшон намоянд.

Бо ҳамин орзуву ниятҳои нек бори дигар ҳамаи Шумо модарону хоҳарони мушфиқу арҷманду гиромиқадрро ба ифтихори Рўзи модар сидқан муборакбод намуда, ба хонадони якояки Шумо нуру сафо, ваҳдату ҳамдилӣ, хайру саховат ва пирўзиву баракати зиндагониро таманно дорам.

Ҷашни Модар муборак, модарону хоҳарони гиромӣ ва бонувони азиз!

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд