(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТибқи нақшаи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳр оид ба вазъи сиёсӣ, таблиғоти ҳуқуқӣ, пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ, экстремизму терроризм, шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандўстии наврасону ҷавонон, бо сокинон ва фаъолони кумитаи маҳаллаҳои Ҷаббор Расулов, 1-Май ва хонандагону омўзгорони муассисаи таълимии номбурда мулоқоти васеъ гузаронида шуд.

Дар мулоқот мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд Усмон Юсуфӣ, мудири шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи Раиси шаҳр Муродҷон Раҷабов ва мутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Абдувосит Ғафуров маърўза намуда, қайд карданд, ки баҳри вусъат бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо волидайн, хешу ақрабо, наздикон ва оилаҳои сокинони шаҳр, ки дар муҳорибаҳои қавмӣ–мазҳабии кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Сурияву Ироқ, Афғонистон ва Покистон қарор доранд, ҷавононе, ки дар мактабҳои динии кишварҳои исломӣ таҳсил мекунанд, бетарафӣ зоҳир накарда, ҷиҳати пешгирии омилҳои таълимоти ғайрирасмии динӣ, ба ватан баргардонидани ҳар як шаҳрванди роҳгумзадаи Тоҷикистон, ба роҳ мондани корбарии фардӣ бо аъзоёни оилаи ҳар яки онҳоро вазифаи муҳим арзёбӣ карданд.

Дар ҷараёни мулоқот аз фаъолон дар маҳалҳо ва кўчаҳо, зиёиён ва кормандони соҳаи маориф даъват карда шуд, ки бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ, дастовардҳои миллати тоҷик дар давраи 28-соли соҳибистиқлолиятӣ, истифодаи аркони динӣ барои манфиати халқу ватан ҷиддӣ ва бо масъулияти баланд муносибат намоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд