(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба манзили Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, собиқадори меҳнат, Ҳамроҳхон Тоҳирова рафта, мавсуфро бо 95 солагиаш табрику таҳният гуфтанд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, собиқадори меҳнат, Ҳамроҳхон Тоҳироваро аз номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 95-умин рӯзи милодаш таҳният гуфта, аз ҷумла зикр дошт, ки Давлату Ҳукумат бо чунин занони матинирода, фарзона ва фазилатпешаи дуогӯйи миллат ифтихору сарфарозӣ менамояд.

Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, собиқадори меҳнат, Ҳамроҳхон Тоҳирова аз ин таваҷҷуҳу самимият болида гардида, ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён карда, шукронаи амнияту оромии давлатро намуда, таъкид дошт, ки чунин давлати орому осуда, ҷаннати рӯйи заминро дар хоби шабаш ҳам надидааст. Зеро аз сари ин бонуи рӯзгордида чӣ гуна рӯзҳои мудҳишу ҷонгудоз гузаштааст.

Бояд қайд намуд, ки соли 1965 дар ҳаёти Ҳамроҳ Тоҳирова воқеаҳои фараҳбахш рух доданд. Мавсуф вакили анҷумани ХХIII КПСС интихоб гардид, гирифтани унвони Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, орденҳои Ленин ва «Ситораи Сурх» ва насибаш гашт. Ў вакили анҷумани ХХIV КПСС ва съездҳои ХIV, ХV, ХVI, ХVII, ХVIII Партияи коммунистии Тоҷикистон низ будааст. Ҳарчанд номи Ҳамроҳ Тоҳирова дар тамоми Иттиҳоди Шуравӣ машҳур шуд, ў савори аспи ғурур набуд, балки фурўтан монд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки Ҳамроҳ Тоҳирова аз аввалин бонувони шаҳри Хуҷанд аст, ки соли 1974 ба муносибати 50-солагиаш ба унвони Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд шарафёб гардид ва ҳамон сол ба нафақа баромад. Чилу панҷ сол аст, ки нафақа мегирад, вале аз корҳои ҷамъиятӣ дар канор нест, дар ҷамъомад аз таҷрибаи зиндагии хеш ҳикоя мекунад, роҳҳои пешрафти худ ва пешбурди коргоҳро ба ҷавонони навкор нишон медиҳад.

Ҳамроҳ Тоҳирова мегӯяд:- Ман ҳайронам, ки чаро мо ҳамин қадар даврони сахтиву қаҳатии даврони ҷанг ва пас аз онро бо сабру таҳаммул ва шукргузорӣ паси сар карда, меҳнати ҳалол намуда, бо як бурда нон қаноат дошта, зиндагӣ кардем, аммо имрўза ҷавонон аз чунин шароити муҳайё шукр намегўянд? Имрўз ба фикрам ягон зан дар танўр нон намепазад, зеро дар растаи бозор нон фаровон аст, имрўз барои таҳсилу фаъолият тамоми шароит фароҳам аст, лекин ҷавонон гумроҳ мешаванд, ба корҳои номақбул даст мезананд, туфайли иродаи сусту заиф ва надоштани мафкураи паст ғуломи андешаҳои ғайр мешаванд. Ин ҳама нишони ношукрист! Онҳо аз ҳаёти пасисарнамудаи мо барои худ дарси ибрат гиранд, дар симои мо ҳамон азобу уқубати даврони ҷангро бинанд ва аз сулҳу амонӣ шукр гўянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд