(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори гимназияи №1-и ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд чорабинии тантанавии кормандони соҳаи маориф бахшида ба Рӯзи модар бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни ироаи номаи табрикотии хеш аз ҷумла зикр дошт, ки таҷлили Рӯзи Модар дар оғози фасли зебоманзари арӯси сол - баҳори нозанин аз бузургии сиришти занону модарон башорат медиҳад. Аслан дунёи Зан - модар баҳористони гулафшони зиндагист. Модар ба мо ҳаёт мебахшад ва беҳтарин хислатҳои инсониро дар вуҷудамон бо шири зулолу сапедаш ҷой медиҳад. Дасти дуои модар ба қалби мо қуввату мадори ҷон бахшида, домони поку мубаррояш нахустин мактаби тарбияи инсоният ба шумор меравад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштаанд: «Зан-модар тавлидгару мураббии инсон, ва устоди беназири фарзанд аст, нахустин мактаби инсон мактаби модар мебошад, ки ҳамаи мо таҳти парасторӣ ва меҳру навозиши ў ба камол расидаем, сабақи одамият омўхтаем».

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки саҳми бонувону модарони азизамон, махсусан дар пешрафти соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар самтҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат бештар ба назар мерасад. Айни замон дар ҳамаи намуди муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд беш аз 2211 нафар бонувон ба таълиму тарбияи шоистаи насли наврас машғул ҳастанд, ки ин наздик ба 90 фоизи умумии кормандони соҳаи маорифи шаҳрро ташкил медиҳад. Умуман нақшу мақоми бонувону хоҳарон дар пешрафти соҳаи маориф хеле барҷаста мебошад. Онҳо бо истифодаи роҳу усулҳои муосири таълиму тарбия, азму иродаи қавӣ ҳамаи мушкилиҳои пешаи пурзаҳмати омӯзгориро паси сар карда, бо сеҳри сухан, панду андарз ва таҷрибаи ҳаётӣ шухию бесарӣ, ҳавову ҳавас ва беқарории баъзе шогирдонро таҳаммул намуда, барои камолоти маънавию ахлоқии онҳо бедареғ заҳмат мекашанд. Имрӯз номи садҳо занону модарон, ки як зумраи онҳо дар толор ҳузур доранд, шоистаи зикр аст, ки ҳанӯз бо азму иродаи матин дар пешбурди фаъолияти соҳа, тарбияи кадрҳои ҷавон содиқона заҳмат кашида, нурбахшу маҳфилорои тамоми ҷамъомаду чорабиниҳо мебошанд. Онҳо на танҳо боиси ифтихори аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд, балки тамоми сокинони вилояту ҷумҳурӣ ҳастанд.

Раиси шаҳр гуфт, ки ҳамаи Шумо модарону хоҳарон барои дар қалби хонандагон фурӯзон кардани машъали илму дониш ва одамияту ахлоқи хуҷаста собитқадамона саъю талош менамоед. Шумо ҳамчун машъалафрӯзони зиндагӣ ва ҳидоятгарони некиву накӯкорӣ фарзандони мардумро дар рӯҳияи садоқат ба арзишҳои миллию умумибашарӣ ба камол мерасонед. Мақому манзалати волои Модар, заҳмату шабзиндадориҳои ӯ ва рафтори неку пурмуҳаббаташ нисбат ба наслҳои башарият боис гардид, ки Модарро ҳамчун бузургтарин ва муқаддастарин инсон ҳамеша дӯст доранд ва азиз шуморанд.

Дар хатми номаи табрикотии хеш шаҳрдор маорифчиёнро бо Рӯзи модар таҳният гуфта, барояшон саломатӣ, давлати умр, файзу иқбол, бахту саодати фарзандону пайвандон ва тамоми шодию нишоти рӯи ҷаҳонро таманно намуд.

Сипас ба зиёда аз 30 нафар пешсафои соҳаи маориф Сипосномаи Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, Раёсати маорифи вилояти Суғд ва шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд тақдим крада шуд. Омӯзгорон Умеда Почоева ва Мунира Аъазамова аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони “Аълочии маорифи ва илми Тоҷикистон”-ро дарёфт намуданд.

Барномаи рангинии фарҳангӣ табъи ҳозиринро болида намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд