(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар шаҳри Хуҷанд таҳти чунин унвон бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ маҷмуъи мақолаҳои олимони тоҷик: доктори илмҳи таърих, профессор Ваҳҳоб Набиев, номзади илмҳои таърих, дотсент Аюб Усмонов ва муаллими калон Зафар Қобилов доир ба паҳлуҳои фаъолияти Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров тариқи нашриёти "Меъроҷ" ба нашр расид.

Китоб бо матни суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ботантана ба ифтихори ҷашни 100-солагии зодрӯзи Бобоҷон Ғафуров оғоз гардида, ҳамзамон мақолаҳои илмӣ таҳти унвонӣ “Бобоҷон Ғафуров ва сарнавишти таърихи тоҷикон”, “Эҳёи асари академик Бобоҷон Ғафуров”, “Раҳнамои санъати миллӣ”, “Чеҳраи тобони аллома Бобоҷон Ғафуров дар асари Пешвои миллат “Чеҳраҳои мондагор”, “Саҳми академик Бобоҷон Ғафуров дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ”, Пешвои миллат ва шинохту тақдири корномаҳои академик Бобоҷон Ғафуров ва ғайраҳоро фаро мегирад.

Зикр гардидааст, ки Бобоҷон Ғафуров пас аз Садриддин Айнӣ ягона шахсе буд, ки қувваҳои эҷодие чун Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Абдуғанӣ Мирзоев, Раҳим Ҷалил, Ҷалол Икромӣ, Мирсаид Миршакар, Муҳаммад Осимӣ, раҳбароне чун Турсун Улҷабоев, Назаршо Додхудоев, Ҷаббор Расулов, Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даҳҳо шахсиятҳои сиёсӣ ва фарҳангиро сарвару раҳнамо шуда, барои бақои давлати мо, забону фарҳанги бостонии мо ва шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардани ин илму фарҳанг хидматҳои бебаҳо кардааст. Арҷгузориҳои бепоёни Пешвои миллатро нисбати академик Бобоҷон Ғафуров воқеан ҳам ҳамон корномаеро, ки он муҳаққиқ ва сиёсатмадор дар замони шўравӣ анҷом дода буд, бо шукуҳу салобати хосса, диди амиқи худогоҳию хештаншиносӣ, эҳтирому меҳри густурда, ватанпарастии гарму сўзон, хиради азалию закои табъ Сарвари давлати тоҷикон дар марҳалаи нави таърихӣ иҷро намуда меоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд