(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҷаласаи ҷамъбастии Комиссияи доимии шаҳрӣ оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2018 баргузор гардид.

Муҳсин Миркамолов, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд роҷеъ ба фаъолияти комиссияи доимии шаҳрӣ оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2018 иттилоъи муфассал дода, аз ҷумла афзуд, ки баҳри пурсамар ба роҳ мондани татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд, таҳти роҳбарии бевоситаи Раиси шаҳр, Раиси комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросим як қатор корҳоро ба роҳ монданд. Ин пеш аз ҳама ташкили комиссияи ҷамъиятӣ дар ҳамаи кумитаи маҳаллаҳо, корхонаву муассисаҳои давлатӣ ва ғайри давлатие, ки аз зиёда 30-нафар корманд доранд. Агар ба омор назар андозем дар соли 2007 миқдори комиссияҳои ҷамъиятӣ 60 адад ташкил карда шуда бошанд, ҳоло миқдори онҳо то ба 210 адад расидааст. Инчунин, масъулини бахш баҳри татбиқи моддаи 51- қонуни мазкур дар 112 корхонаву муассисаҳои вилоятиву шаҳрӣ новобаста аз шакли моликияташон оиди таъсиси комиссияи ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дидан намуда, бобати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта тавсия доданд.

Муҳсин Миркамолов иттилоъ дод,ки тибқи ҳисоботи оморӣ дар шаҳри Хуҷанд дар давоми соли 2018 ҳамагӣ 1216 адад маърака ба қайд гирифта шуда, нисбат ба соли гузашта 1500 маърака кам мебошад. Аз ин шумора тўи арўсию домодӣ 1165 адад буда, нисбат ба соли гузашта 416 адад кам мебошад, шумораи чорвои забҳшуда 14 сар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 113 сар кам шудааст. Хароҷоти маъракаҳои гузаронидашуда ба таври умумӣ тақрибан 8 млн 14 ҳазор 200 сомониро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 8 млн 530 ҳазору 300 сомонӣ кам масраф гаштааст. Маъракаи чил 34 адад буда, нисбат ба соли гузашта 146 адад кам ва маъракаи сол 17 адад буда, нисбат ба соли гузашта 79 адад кам ва бе додани таом баргузор гардидааст. Аз тахлилхо бармеояд, ки харочоти маъракахо нисбат ба соли гузашта кам гаштааст. Ин нишонаи он аст, ки мардум ба мохияти конунро дарк намуда, ба сарфаю саришта бисёртар таваҷҷўҳ додаанд.

Таъкид гардид, ки дар ин давра назорати санҷишӣ мунтазам аз ҷониби масъулини бахш ва аъзоёни комиссияи доимии маҳаллӣ якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронида шуда, дар натиҷа 15 ҳолати қонунвайронкунӣ ҷиҳати риоя накардан ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳангоми баргузории ҷашну маросим ошкор карда шудааст. Нисбати шахсони қонунвайронкунанда парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба суди шаҳри Хуҷанд ирсол карда шуд.

Дар аксар ҳолат ин қонунвайронкуниҳо, бинобар риоя накардан ба талаботи моддаи 8-“Зодрўз” моддаи 10-“Домодию арўсӣ” ва моддаи 14 тартиби хизматрасонии ҷашну маросим аз тарафи муассисаҳои фарҳангӣ, тарабхонаҳо ва ошхонаҳо ба ҳисоб мераванд. Дар асоси нақшаи кории комиссияи доимии шаҳри Хуҷанд ва аз рўи тақсимоти вазифаҳои аъзои комиссияи доимӣ, амалиёти санҷишӣ аз рафти баргузории тўю маъракаҳои шаҳрвандон бо иштироки аъзоёни комиссияи доимии шаҳрӣ ва аъзоёни комиссияи ҷамъиятӣ ба роҳ монда шуда, аз натиҷаи он ба унвони Раиси комиссияи доимӣ маълумотнома пешниҳод карда мешавад.

Дар ҷараёни муҳокимаи масъала аъзоёни Комиссияи доимии шаҳрӣ оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Муяссар Қаҳҳорӣ, Султон Раҳмонзода, Ҷамшед Набизода, Ҳоҷиҳусайн Мӯсозода ва дигарон баромад намуда, доир ба натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда ва фикру андешаҳои хешро баҳри беҳтар намудани фаъолияти комиссия баён доштанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Комиссияи доимии шаҳрӣ оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маъруф Муҳаммадзода бо натиҷагирӣ аз фаъолияти Комиссия таъкид дошт, ки халқи тоҷик дар тўли ҳазорсолаҳо анъана ва ҷашну маросимҳои соф миллӣ дошт ва онҳо аз ҷумлаи рўзгордории аҳди қадим ва қонуну давлвтдорӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешаванд. Зиёда аз ёздаҳ сол муқаддам бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди рўзгори мардум ва анъанаву маросимҳо омўхта шуд ва бо мақсади ба танзим даровардани тўю маърака ва маросимҳои сокинони кишвар санади миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тавсиб расид. Қонуни номбурда ягона қонуне дар ҷаҳон мебошад, ки барои бунёди ҷомеаи солим ва танзими ҷашну маросимҳо равона карда шудааст. Ва ин қонуни намунаи олии пайравӣ ба дигар кишварҳои минтақа гардидааст. Воқеан дар таърихи қонунгузории кишвар ҳодисаи бемислу хотирмон буда, иқдоми навбатии давлати тозаистиқлол дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандию давлати ҳуқуқист, ки заминаи онро арзишҳои миллӣ ва динӣ ташкил медиҳанд.

Бо қабули Қонуни мазкур давлати мо ба танзими муҳимтарин рукнҳои ҳаётӣ иҷтимоӣ, анъана ва маросимҳои миллию динӣ рў оварда, барои мувофиқ намудани баргузории онҳо ба манфиати иқтисодӣ, устувории ҳаёти иҷтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон амали бениҳоят хайреро анҷом дод. Тавре Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, қонуни мазкур барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошт, суннатҳои милливу мардумиро ба танзим даровард, анъана ва ҷашну маросимҳои миллиро мушаххасу дақиқ намуд, пеши роҳи хурофоту таасуб, худнамоию зоҳирпарасӣ ва исрофкорию зиёдаравиро гирифт ва ба ҷорӣ гардидани низоми тартиби ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки дар тўли ин солҳо маҳз татбиқи ҳамин қонуни мазкур буд, ки ба як тартибу низоми муайян даровардани ҷашну маъракаҳои хурд ва аз нав эҳё гардидани анъанаҳои беҳтарин барои мардум пешниҳод гашт, ки имрўз дар шаҳри Хуҷанд гузаронидани маъракаю маросимҳои мардумӣ, аз ҷумла маъракаи оилавӣ ва маросими азодорӣ дастрасӣ ҳамаи табақаҳои шаҳрвандон гаштааст. Ба ин васила сатҳи зиндагии мардум хеле боло шудааст.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо вазифагузорӣ ба аъзоёни Комиссияи доимии шаҳрӣ оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҷаласа ҳусни анҷом бахшид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд