(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Муассисаи давлатии Кохи фарҳанги ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакии шаҳри Хуҷанд даври вилоятии Фестивал-озмуни «Чакомаи гесӯ» баргузор гардид ва дар он ғолиби озмуни шаҳрии ин фестивал Шоҳсанам Юлдошева дар бахши “Ороиши мӯйбофии миллӣ” мақоми аввалро соҳиб гардида, ҳуқуқи иштирок дар даври ҷумҳуриявии Фестивал-озмуни «Чакомаи гесӯ» ба даст овард.

Дар фестивали мазкур муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ, ғолибони даври шаҳриву ноҳиявии фестивал ва бонувону духтарон иштирок намуданд.

Тибқи баҳогузориҳои ҳайати ҳакамон Шоҳҷоизаи фестивал-озмун насиби Шукрона Файзуллоева гардид. Ҳамин тавр, дар бахши “Ороиши мӯйбофии миллӣ” Шоҳсанам Юлдошева, Азиза Каримова, Дилрабо Ҷӯраева, дар бахши “Ороиши замонавии мӯйи бонувон” Фарзона Иброҳимова, Мунира Баҳромзода, Маҳина Дадобоева, дар бахши “Гесӯи дарозтарин” Масъуда Ҳикматова, Ирода Муродова, Райҳона Юсупова, дар бахши “Ҳусни таваҷҷуҳи тамошобин” Роҳат Ғайбуллоева, дар бахши “Ороиши мӯйи кӯдакона” Шаҳноза Қурбонзода, дар бахши “Беҳтарин рассом” Абдуқаюм Хокироев ва дар бахши “Ороиши бадеии мӯй” Фирӯза Иномҷонова ғолиб дониста шуданд.

Муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ ғолибони фестивалро табрик намуда, ба онҳо туҳфаҳои пулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро тақдим кард.

Гуфта мешавад, ки Шоҳсанам Юлдошева ва дигар ғолибони даври вилоятии фестивал санаи 2-юми марти соли ҷорӣ дар даври ҷумҳуриявии Фестивал-озмуни «Чакомаи гесӯ» иштирок хоҳанд намуд.

Бояд қайд намуд, ки Фестивал-озмуни «Чакомаи гесӯ» бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии халқи тоҷик, бахусус намоишу парвариши мӯй, ороишу пардози рӯй, ҳаракати мавзун, тарбияи муоширати духтарон, тарғибу ташвиқ ва эҳёи анъанаву маросимҳои миллӣ, аз қабили саршӯёну мӯйбофон, зулфандозӣ ва ҷамолакбандию кокулбофӣ гузаронида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд