(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ баргузор гардид.

Ярмарка-фурӯши ниҳолҳо бо мақсади муташаккилона гузаронидани маъракаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ ва расонидани ёрии амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ, аҳолии вилоят ва ташкилоту идораҳо дар корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва бунёди боғу токзорҳои нав гузаронида шуд. Дар ярмаркаи мазкур шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ташкилоту идораҳои соҳаи кишоварзӣ беш аз 1 миллион бех ниҳолҳои гуногун ва гулу гулбуттаҳоро пешниҳоди боғпарварону сокинон намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни баргузории ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ шинос гардида, аз растаҳои гуногуни ниҳолу гулҳо дидан намуда, ба масъулини соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати афзун намудани кӯчати ниҳолҳои ба содиротнигаронидашуда дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ҳамчунин таваҷҷуҳи асосӣ ба бунёди боғҳои нав, бахусус боғҳои интенсивӣ карда шуд, ки ба иқлими Тоҷикистон қулай буда, аз нигоҳи иқтисодӣ муфид аст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода баъди иштирок дар намоиш-фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироати кишоварзӣ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ як чанд адад ниҳолҳои навъи Ардачро шинониданд.

Ҳамчунин аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар майдони навтаъсиси ҳудуди ҶСШК "Тоҷиктелеком" якчанд ниҳолҳои навъи Ардач ва Палмаи колифорниягиро шинонда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд