(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар рӯзҳои истироҳатии ҳафтаи сипаришуда аз ҷониби кошонаҳои ҳусни “Ясмин”, “Олиҳа”-и шаҳри Хуҷанд ва машшота Гулчеҳра Абдуазизова иқдоми хайрхоҳона амалӣ карда шуд.

Намояндагони кошонаҳои ҳусни зикргардида бо иқдоми шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокиимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба хонаи пиронсолони шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, бошандагони онро бо фарорасии фасли баҳор ва Рӯзи модарон таҳният гуфта, мӯйю рӯйи онҳоро ороиш доданд.

Бошандагони хонаи пиронсолони шаҳри Хуҷанд аз ин амали ғайриинтизор болида гардида, хушнудӣ ва сарфарозии хешро ба ташкилкунандагони ин иқдом расониданд. Зикр гардид, ки солҳои охир аз ҷониби Давлату Ҳукумат на ба фақат таваҷҷуҳи моддӣ, балки ғизои маънавӣ ба эшон нисор карда мешавад, ки онҳо худро ҳаргиз танҳо ва бекас ҳис намесозанд.

Таъкид гардид, ки чунин икдом минбаъд дар арафаи дигар иду айём низ пиёда карда мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд