(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади амалӣ намудани сиёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз ҷониби шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар рӯзҳои таҷлили 26 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон модарони 10 нафар ҷавонони ихтиёрӣ, ки бо хоҳиши худ дар сафи Артиши милли хизмат намуда истодаанд, аёдат гардида, барояшон кӯмаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд.

Таъкид шуд, ки чунин модарон намунаи олии пайравӣ ба дигарон мебошанд, ки бо дарки баланди худшиносиву худогоҳӣ фарзандони солиму бардам ва баору номусу ватандӯстро ба воя расонида, барои адои қарзи шаҳрвандӣ, ҳимояи марзу буми кишвари маҳбубамон раҳнамун сохтанд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд