(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altСубҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади ошноӣ аз ҳолати иншооти таъиноташ гуногуни канори кӯчаи Камоли Хуҷандӣ ҷиҳати омодагӣ ба таҷлили ҷашни Наврӯзи Аҷам боздид намуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд аз вазъи мағозаву идора ва дигар нуқтаҳои савдою хизматрасонии канори роҳи Камоли Хуҷандӣ аз гардиши "Спутник" то мавзеъи бозори "Чоршанбе" дидан намуда, аз ҳолати санитарию нигоҳдошт ва истифодабариашон изҳори нигаронӣ карда, ба масъулини кӯчаҳо, раисони кумитаи маҳаллаҳо, соҳибмулкони мавзеъҳо ҷиҳати ободу хуррамгардонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои махсус оид ба рангубори намои мағозаву идораҳо, башаклдарории дарахтон, батартибдарории гулдонҳо, кишти гулҳои мавсимӣ, барқарор намудани ҷуйборҳои фарсудашуда, бунёди девораҳои қадди роҳ, бартараф намудани иншооти ғайриқонунӣ ҷойгиргардида ва ғайраҳо дода шуд.

Таваҷҷуҳи махсус ҷиҳати ободонии автовокзали мавзеъи Пахтакор дода шуда, ба роҳбарияти он ҷиҳати батартибдарории дохил ва ҳудуди он дастурҳо дода шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз вазъи насби овезаву навиштаҷоти рекламавии мағозаву нуқтаҳои хизматрасонӣ изҳори нигаронӣ карда, барои ба танзимдарории он ва ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқнамоии он супоришҳо дод.

Маъруф Муҳаммадзода ба масъулини қитӣаи ободонӣ ҷиҳати хуррамгардонии ду қадди роҳи Камоли Хуҷандӣ бо шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз дастурҳо дод.

Ба масъулини дахлдор супоришҳои қатъӣ дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибмулкони иншооти номбурда дар муҳлати 3 рӯз камбудиву эродҳои ошкоршуда бартараф гардида, ин гӯшаи шаҳрро дар қатори дигар кӯчаву маҳаллаҳо барои бошукуҳ ҷашн гирифтани Наврӯзи Аҷам омода намоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд