(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ ва баҳри баланд бардоштани ҳисси ифтихори ватандӯстиву меҳанпарварӣ, тарбияи маънавию бадеъӣ, инкишоф додани қобилияти эҷодкорӣ, ҳунармандӣ ва масъулияти мусиқишиносӣ дар муассисаи таҳсилоти томактабии №29-и шаҳри Хуҷанд даври ниҳоии озмуни шаҳрии «Ҳимоятгари хурдсоли Ватан» дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида шуд.

Дар озмун тарбиятгирандагони 35 кӯдакистони шаҳр иштирок намуданд. Хурдсолон аз рӯйи шартҳои муаррифӣ, ифоданок хондани шеър, маҳорати эҷодӣ, суруд ва монолог бо ҳам рақобат намуданд.

Дар натиҷа шоҳҷоиза насиби Азизҷон Мақсудзода (МТТ№31) ҷойи якум Юсуфхӯҷа Бузруков (МТТ№33) чор нафар ҷойи дуюм (кӯдакистонҳои «Дилоро», № 29, 37, 13) ва ҷойи сеюмро 9 нафар (МТТ № 14, 20, 18, 15, 40, 1, 12, 26, 28) ба даст оварданд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд