(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altСубҳи имрӯз дар якчанд муасисаҳои маорифу тандурустӣ, қитъаҳои истифодабарии манзил, кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд дар Рӯзи ягонаи ахбор таҳти унвони «Ҳифзи Ватан-қарзи шаҳрвандии мост» гузаронида шуд, ки ба 26-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд.

Чунин чорабинӣ бо ҳузури сокинони маҳаллаи Раззоқи шаҳр дар МТМУ №27 сурат гирифт.

Роҳбари созмони хонандагон муассисаи таълимии мазкур Диловар Ғаниева дар мавзуъи «Ҳифзи Ватан-қарзи шаҳрвандии мост» баромад намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки «Ҳамасола 23 феврал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Артиши миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Маҳз ҳамин рӯзи соли 1993 дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе аввалин гузашти низомӣ баргузор гардида буд. Артиши пуриқтидори имрӯзаи Тоҷикистон дар замоне таъсис ёфт, ки дар мамлакат вазъ ноором буд ва заминаи моддию техникӣ барои таъсиси он мавҷуд набуд. Хуллас, дар як замони басо мушкилу мураккаб Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллиро таъсис доданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари қудрат омаданд, ки Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор буд ва мамлакатро хавфи нобудӣ таҳдид мекард, давлат аз иқтидори ҳарбӣ ва қувваҳои мусаллаҳ маҳрум буд, мардум ба парокандагиву гуруснагиву нодорӣ ва ҷангу ҷидол рӯ ба рӯ буданд. Дар ин вазъи нобасомон табиист, ки қуввае лозим буд, то пеши роҳи гурӯҳҳои мухолифинро, ки якпорчагии давлат ва миллат барояшон заррае арзиш надошт, гирад ва ин зарурат Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ водор сохт. Зеро Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамчун сохтори алоҳида тамоман фаъолият намекард, аксарияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бетарафӣ ихтиёр намуда буданд. Яъне, яке аз шохаҳои асосии давлатдории тоҷикон, ки сохтори низомӣ ва қудратӣ ба шумор меравад, фалаҷ гардида буд.

Дар ҳамон давра аз нав барқарор намудани ин сохтори бениҳоят муҳим барои нигоҳ доштани якпорчагии миллатро метавон аз аввалин қадамҳои устувори Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон унвон кард, зеро Тоҷикистон дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ ягона давлате буд, ки пас аз пош хӯрдани иттиҳод аз артиши он давлати абарқудрат ҳеҷ меросе нагирифт. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки 23 феврали соли 1993 Артиши миллии Тоҷикистон бо ташаббуси бунёдкоронаю созандаи Эмомалӣ Раҳмон дар як ҷойи холӣ аз сифр шурӯъ шуд ва дар як муддати кӯтоҳ ба ниҳоди пурқудрати давлатӣ табдил ёфт.

Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони баору номуси миллат хизмати Ватан-модарро ба ҷо оварда, баҳри оромиву осоиштагии марзу бум, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳамеша омодаанд.

Хушбахтона солҳои охир сафи ҷавононе, к ибо хоҳиши худ ба сафи Артиши миллӣ мераванд афзуда истодааст. Ин нишондиҳанда, аз ҷумла аз баланд гардидани масъулият ва ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарварии ҷавонони бонангу номуси кишвар дарак медиҳад. Сипас, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ вар обита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд Усмонҷон Юсуфӣ баромад намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки сафи ҷавонони ихтиёран ба Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамроҳшаванда сол аз сол зиёд мегардад ва ин нишони баланд гардидани ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллии насли ҷавон мебошад. Имрӯз мардуми мо нафаси осуда мекашанд ва бо эътимоди комил, дилҳои пур аз умед, орзуҳои наҷиб ба сӯи фардои дурахшони хеш собитқадамона роҳ мепаймоянд.

Тавре Сарвари давлат дар Паём баён доштанд: «Мо ба фарзандони ҷасуру далери халқамон, ҳомиёни Ватани маҳбубамон эътимоди комил дорем ва бо онҳо фахр мекунем». Моро мебояд ба боварии Роҳбари давлат ва мардум бо рафтору гуфтори нек, дониши баланд, шуҷоату далерӣ ва мардонагиву ҷасурӣ сазовор бошем». Хонандагони МТМУ №27-и шаҳри Хуҷанд бо суруду таронаҳои ватандӯстона ва саҳнаи ҷолиби меҳанпарварона табъи ҳозиринро болида намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд