(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар қисми низомии 3501-и РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд чорабинии тантанавӣ бахшида ба 26-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат бо ҳузури аскарону афсарон ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанду вилояти Суғд ва роҳбарияти Раёсати агентии назоратии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор гардид.

Назира Ғаффорӣ, муовини Раиси вилояти Суғд ҳайати қисми низомии 3501-ро аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода табрику таҳният гуфта аз ҷумла афзуд, ки : «Санаи 23 феврали соли 1993 барои ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо рӯзи таърихӣ аст. Зеро маҳз аз ҳамон рӯз қадамзании музаффаронаи Артиши миллӣ оғоз гардид, ки бо ташаббусу ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт. Артиши миллии мо дар шароити хеле ҳассоси пойдоршавии давлати мустақил ташаккул ёфта, аз рӯзи таъсисёбӣ чун рукни муҳими давлати тозаистиқлоли тоҷикон барои истиқрори сулҳу субот дар кишвар, ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии давлати Тоҷикистон саҳм гузошт. Таи ин муддат афсарону сарбозон ва кулли хизматчиёни ҳарбӣ дарси мардонагию шуҷоатро азхуд намуда, соҳиби таҷрибаи бойи касбӣ шуданд».

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни ироаи номаи табрикотии худ аз ҷумла афзуд, ки «Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолияти давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳими он ба ҳисоб рафта, аз рўзҳои аввали таъсисёбӣ дар назди онҳо вазифаҳои муқаддасу пуршараф - ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа гузошта шуданд. Ҳанўз бисту шаш сол пеш ба дўши ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат иҷрои вазифаҳое вогузор гардид, ки сарнавишти давлат, тақдири миллат ва сулҳу суботи кишвар аз ҳалли онҳо вобаста буд.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки имрўз мо ифтихор дорем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ аз уҳдаи иҷрои рисолати таърихии худ бо сарбаландӣ баромада, Давлат ва мардуми Тоҷикистон дар симои хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёни боэътимод ва муҳофизони далеру шуҷои марзу буми Ватанро мебинанд. Бо ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни замон Артиши миллӣ қодир аст амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми Ватанамонро пурра таъмин намояд. Зеро, қудрату тавоноӣ ва омодагии комили Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳимоя, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳамагуна хавфу хатар ва таҳдидҳо ҳам дар амал ва ҳам дар машқҳои низомӣ борҳо собит гаштааст. Мардуми соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо Қувваҳои Мусаллаҳи хеш чун нерўи тавоно ва таъмингари осоиши ҳаёт ифтихор мекунад.

Сипас ба як қатор афсарону аскарони қисми низомӣ Сипоснома ва туҳфаҳои Раиси шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд. Бо гузашти низомӣ ба чорабинии тантанавӣ бахшида ба 26-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат ҳусни анҷом бахшида шуд.

Назира Ғаффорӣ, муовини Раиси вилояти Суғд, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва сардори Раёсати агентии назоратии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Карим Иброҳимзода аз вазъи хизмати афсарону аскарон аз наздик шинос гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ барои ҳайати қисми низомӣ дастархонаи идона густурда шуда, дар ин рӯз барномаи фарҳангӣ низ пешбинӣ гардидааст.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд