(2 овоз, миёна 3.00 аз 5)

altБо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати ҷалби хатмкунандагон ба таҳсили илму дониш дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон «Рӯзи дарҳои кушод» баргузор гардид. Гуруҳ-гуруҳ хатмкунандагон ҳамроҳи устодони худ аз мактабҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар бо мақсади шиносоӣ аз вазъи таълиму тарбия, шароити таҳсил, имконияту ихтисосҳо ва факултетҳои донишгоҳ дар «Рӯзи дарҳои кушод» иштироки фаъолона намуданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Мумин Шарифзода дар назди хатмкунандагон баромад карда, онҳоро бо барномаи чорабинии «Рӯзи дарҳои кушод» ва озмуни «Хатмкунандагони болаёқат» шинос кард. Ҳамчунин намояндагон аз Вазорати маориф ва илми кишвар, Раёсати маорифи вилоят иштирок ва сухан карданд. Сипас хатмкунандагон аз дастовардҳои донишгоҳ, ки ба маърази тамошо гузошта шуда буд, дидан карда, ба худ маълумотҳои зарурӣ гирифтанд.

Дар чорабиниҳои «Рӯзи дарҳои кушод» беш аз 800 нафар хатмкунандагон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истиқлол, Исфара, Бӯстон, Б.Ғафуров, Спитамен, Мастчоҳ, Зафаробод,Ҷаббор Расулову Ашт фаъолона ширкат варзиданд. Ҳамчунин бори нахуст хатмкунандагони ноҳияҳои дурдасти вилоят ва шаҳри Душанбеву наҳияҳои вилояти Хатлон тариқи онлайн тавассути интернет дар ин чорабинӣ иштирок намуданд.

Тибқи барномаи озмуни «Хатмкунандагони болаёқат» аз рӯи намунаҳои саволномаҳои санҷишии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хатмкунандагон дониши худро санҷиданд.

Пас аз боздид ва шиносоӣ дар маҷлисгоҳи бинои таълимии №1-и донишгоҳ мулоқоти ректор, профессор Мумин Шарифзода бо иштирокчиёни озмуни «Хатмкунандагони болаёқат» доир гардид. Сараввал, ректори донишгоҳ намояндагон ва хатмкунандагони МТМУ-и шаҳру ноҳияҳоро ба маъвои маърифатамон хайрамақдам гуфта, аз фаъолияти самтҳои мухталифи донишгоҳ ҳарф зад.

Дар мулоқот аз рӯи натиҷаи имтиҳоноти тестӣ ва холҳои ноилгардида дар озмуни «Хатмкунандагони болаёқат» Ғуломалӣ Хуросоналиев -хонандаи Гимназияи рақами 1-и ноҳияи Б.Ғафуров бо гирифтани 258 хол сазовори ҷои аввал, Олимов Исломхӯҷа хонандаи МТМУ №10 - и ноҳияи Б.Ғафуров бо 247 хол сазовори мақоми дуввум ва Маҳлиё Холматова хонандаи МТМУ №10 - и ноҳияи Б.Ғафуров бо 238 хол ба ҷойи сеюм сазовор гардида, бо Сипосномаву туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ ва ширкати Тселл сарфароз гардонида шуданд.

Дар баробари ғолибон ба 50 нафар хатмкунандагон, ки дар чорабинии «Рӯзи дарҳои кушод» фаъолона иштирок карданд, туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ тақдим гардид.

Ширкати Тселл низ ба 10 нафар хатмкунандагони фаъол туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард. Барои ҳамкорӣ ва гузоштани саҳми худ дар баргузории чорабинии «Рӯзи дарҳои кушод» ба 10 нафар омӯзгорони мактабҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят Сипосномаву туҳфаҳои раёсати донишгоҳ тақдим карда шуд.

Дар хотима, гурӯҳҳои эҷодии донишгоҳ, дастаи «Ошёни меҳр», гурӯҳи рақсии «Хушхиром» хотири ҳозиринро болида гардониданд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд