(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар муассисаи таълимии Мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд бахшида ба 26-умин солгарди Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 солагии баровардани қӯшунҳои Шӯравӣ аз хоки Афғонистон байни муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд бори аввал мусобиқаи варзишии "Паҳлавони наврас 2019" дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуд.

Дар мусобиқаи ватанпарварона намояндагони 11 муассисаҳои таълимӣ аз рӯи 5 намуди варзиши экстремӣ, яъне армлеслинг,бардоштани санги 16 кг,джим 35 кг,танбардорӣ ва эстафета бо ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамот гимназияи № 13, МТМУ №18 ва МТМУ №21 мақомҳои ифтихориро ишғол намуданд. Ғолибон бо Ҷом, медал ва дипломҳои мусобиқа сарфароз карда шуданд.

Таъкид шуд, ки баргузории чунин мусобиқаҳо ба тарғиби ватандӯстиву меҳанпарварӣ нигаронида шудааст ва дар вуҷуди хонандагон меҳри диёру сарзамин ва ҳифзи онро бедор месозад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд