(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз дар варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандўстӣ, тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷавонон, тайёр намудани ҷавонон барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санҷиши донишу малакаи касбии онҳо бахшида ба таҷлили Рўзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди баровардани Қўшунҳои Қувваҳои Иттиҳоди Шўравӣ аз Афғонистон мусобиқаи ҳарбӣ – варзишии «Ҳомиёни ҷасури Ватан» байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳр баргузор гардид.

Мусобиқа аз рўи намудҳои: ҳаракатҳои сафӣ, иҷро кардани амалиётҳои сафгарди ҳамаи даста, давидан ба масофаи 100 метр, ҳаво додани норинҷак ба масофа, кашидани вазн, вазнбардорӣ, ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ кардани қисмҳои автомати тамғаи Калашников, тирҷойкунӣ ба тирдон ва тирпарронӣ аз туфанги пневматикӣ дар масофаи 10 метр сурат гирифт.

Дар мусобиқаи мазкур 10 дастаи беҳтарин, бо фарогирии зиёда аз 150 нафар иштирок намуданд.

Дар натиҷаи баҳои ҳакамот ҷои якумро дастаи гимназияи №4, мақоми дуюмро мактаби хусусии «Ирфон» ва зинаи сеюмро дастаи мактаби хусусии Пўлотов ба даст оварданд.

Ғолибони мусобиқа бо диплом, ифтихорнома ва тўҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки баргузории чунин мусобиқа ба таҳкими худшиносӣ, худогоҳӣ ва меҳанпарварии хонандагон мусоидат хоҳад намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд