(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Муассисаи давлатии «Кохи фарҳанги Суғдиён» Фестивал – озмуни «Суруди сарбоз» ба ифтихори 26-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати меҳанпарварона баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки имрўз ҳамаи мо бисту шашумин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро бо шукргузорӣ аз фазои орому осоиштаи Ватани азизамон ҷашн мегирем. Ҳамаи шуморо ба муносибати бисту шашумин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол самимона табрик гуфта, бароятон дар иҷрои вазифаи муқаддасу пуршараф - ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими дастовардҳои истиқлолият ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат комёбиҳо орзу менамоям.

Дар чорабинӣ муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ иштирок намуда, номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонда аз ҷумла таъкид дошт, ки “Артиши миллии мо дар шароити хеле ҳассоси пойдоршавии давлати мустақил ташаккул ёфта, аз рӯзи таъсисёбӣ чун рукни муҳими давлати тозаистиқлоли тоҷикон барои истиқрори сулҳу субот дар кишвар, ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии давлати Тоҷикистон саҳм гузошт.Тайи ин муддат афсарону сарбозон ва кулли хизматчиёни ҳарбӣ дарси мардонагию шуҷоатро азхуд намуда, соҳиби таҷрибаи бойи касбӣ шуданд. Фарзандони асили вилоят, дар қатори ҳазорҳо ҷавонони минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ, бо садоқат ва имони комил, бо даъвати виҷдону супориши Ватан дар сафҳои Артиши миллӣ баҳри адои қарзи фарзандӣ камар бастанд”.

Сипас Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз саҳифаҳои таърихи Қувваҳои Мусаллаҳ ёдоварӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолияти давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳими он ба ҳисоб рафта, аз рўзҳои аввали таъсисёбӣ дар назди онҳо вазифаҳои муқаддасу пуршараф - ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа гузошта шуданд. Ҳанўз бисту шаш сол пеш ба дўши ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат иҷрои вазифаҳое вогузор гардид, ки сарнавишти давлат, тақдири миллат ва сулҳу суботи кишвар аз ҳалли онҳо вобаста буд. Мақсади асосӣ аз таъсис додани Артиши миллӣ ташкили нерўи ҳарбие буд, ки ба ҳифзи истиқлолияту озодии кишвар қодир бошад ва якпорчагиву тамомияти арзии онро таъмин намояд.

Маъруф Муҳаммадзода ба шарофати далериву шуҷоат ва фидокориву ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ - фарзандони бонангу номуси Ватан дар кишвари азизамон ҳокимияти қонунӣ барқарор гардида, барои сулҳу суботи устувор заминаи мустаҳкам фароҳам оварда шуд.Дар даврони муқовиматҳои мусаллаҳона ва саркўб намудани ошўбҳои исёнгаронаи хоинону душманони миллати тоҷик ҳазорон нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ҷони худро аз даст доданд. Давлату Ҳукумат фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромўш намекунанд ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд.Мо бояд ҳамеша зираку ҳушёр бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки фазои орому осудаи имрўзаи мамлакат бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони бонангу номуси миллат ба даст омадааст.

Тавре Пешвои муаззами миллат дар яке аз суханрониҳои худ қайд намудаанд: «Таҳаввулоту ҳодисоте, ки вақтҳои охир дар дунё ба амал омада истодаанд, моро ҳушдор медиҳанд, ки ҷиҳати ба талаботи рўз мутобиқ гардонидани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ минбаъд низ тадбирҳои зарурӣ андешем ва иқтидори мудофиавии мамлакатро боз ҳам баланд бардорем».

Раиси шаҳр гуфт, ки бо ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни замон Артиши миллӣ қодир аст амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми Ватанамонро пурра таъмин намояд. Зеро, қудрату тавоноӣ ва омодагии комили Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳимоя, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳамагуна хавфу хатар ва таҳдидҳо ҳам дар амал ва ҳам дар машқҳои низомӣ борҳо собит гаштааст. Мардуми соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо Қувваҳои Мусаллаҳи хеш чун нерўи тавоно ва таъмингари осоиши ҳаёт ифтихор мекунад.

Баргузор гаштани Фестивал – озмуни «Суруди сарбоз» ба ифтихори 26-солагии таъсис- ёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бедор гаштани ҳисси ватандўстиву меҳанпарастии ҷавонон заминаи воқеӣ гузошта, изҳори боварӣ мекунем, ки афсарону сарбозони шуҷоъ ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати худ ҷавонмардона адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқ-лолияти давлатӣ сафарбар месозанд.

Сипас аз ҷониби 8 дастаҳои қисмҳои низомии аз рӯйи номиннатсияҳои хорсароён ва компазиатсия адабӣ бо сароидани сурудҳои ватандӯстона рақобат оғоз гардид.

Дар натиҷаи баҳогузории ҳакамот ҷойи аввал низомии 3501, ҷойи дуюмро қисми низомии 01972 ва мақоми сеюмро қисми низомии 0235 ба даст оварданд.

Ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд