(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altКумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар ташкилоти ибтидоии Маркази саломатии № 6 мулоқот доир намуд, ки дар он муҳимтарин нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Намояндаи кумиҷроияи шаҳр Гулчеҳра Аҳророва оид ба мӯҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки «Паём ҳамчун ҳуҷҷати созанда мардуми кишварро ба фардои ободу дурахшон раҳнамун месозад. “Паёми Пешвои миллат ба зиндагии шоистаи сокинон нигаронида шуда, татбиқи босамари он некӯаҳволии мардумро таъмин менамояд”.

Дар ҷараёни мулоқот паҳлӯҳои гуногуни Паёми Пешвои миллат, аз ҷумла таҳлили рушди иқтисодӣ, таҳкими ҷомеаи ҳуқуқбунёд, эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ, ва ҳунарҳои мардумӣ” дар мулоқот мавриди шарҳу тафсир қарор дода шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд