(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади оммавӣ гардонидани варзиш дар маҳаллаҳо ва қишрҳои гуногуни ҷомеа, алалхусус ҷалби бештари бонувону духтарон ба варзиш, рушди намуди варзиши футбол, ҳамзамон татбиқи босамари Барномаи маҳалии рушди футбол дар шаҳри Хуҷанд барои солҳои 2017-2021 бахшида ба Рўзи модар дар майдони футболи Муассисаи давлатии варзишии №1-и шаҳр мусобиқаи шаҳрӣ оид ба футбол байни бонувон-духтарони аз 16 сола боло ташкил ва гузаронида шуд.

Дар мусобиқаи мазкур 96 нафар футболбозон дар ҳайати 8 даста байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Бозии ниҳоӣ байни дастаҳои «Гимназияи №24» ва «Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11» баргузор гардид.

Дақиқаҳои асосии бози бо ҳисоби мусовӣ анҷом ёфта, дар задани зарбаи 11 метра дастаи футболбозони «Гимназияи №24» дастболо гардиданд. Дар натиҷа дастаи футболбозони «Гимназияи №24» сазовори ҷойи якум шуда, дастаи бонувони «Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11» мақоми дуюмро соҳиб гардида ва зинаи сеюмро дастаи футболбозони «Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22» ба даст оварданд. Ғолибон ва бозингарони беҳтарин бо ифтихорномаҳо ва тўҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд