(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани симои маркази маъмурии вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд ва фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста барои шаҳрвандон, ҳамчунин пешниҳод намудани хизматрасониҳои босифат барои сокинону меҳмонони шаҳр истгоҳҳои нав мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раисони шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров ва Гулистон дар шаҳри Хуҷанд 4 адад истгоҳҳои муосири нақлиёти ҷамъиятӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ аз ҷониби ҶДММ «Суғдпайваст» мутобиқат ба меъёрҳои байналмилалӣ ва бо назардошти сабку услуби меъмории миллӣ сохта шуда, тибқи лоиҳа он аз ҷойи нишаст, харитаи хатсайри автобусҳо, хизматрасонии мобилӣ ва ғайраҳо иборат мебошад. Дар истгоҳ ҷойи нишаст бо гармӣ таъмин карда шуда, пайвасташвиӣ ба шабакаи Интернет тариқи Вай- фай имконпазир гардидааст.

Тибқи иттилои масъулини сохтмон, зимни бунёди истгоҳ ва иншооти хизматрасонии он аз масолеҳи тобовар ба ҳолатҳои гуногуни табиӣ истифода шудааст. Ҳудуд ва атрофи истгоҳ тавассути камераҳои мушоҳидавӣ назорат карда мешавад, ки ин ба таъмини хизматрасонии босифат мусоидат хоҳад кард. Дар ҳар истгоҳ 2 нафарӣ бо кори доимӣ таъмин карда мешаванд.

Маблағи умумии сохтмони як истгоҳ беш аз 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва дар шаҳри Хуҷанд сохтмони беш аз 150 чунин истгоҳҳо ба нақша гирифта шудаанд, ки аз онҳо 31 ададаш дар хиёбони Исмоили Сомонӣ воқеъ буда, то ҷашнгирии Наврӯзи Аҷам мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини дахлдор супориш дод, ки минбаъд дар истгоҳҳо нуқтаҳои фурӯши рӯзномаву маҷалла, кортҳои электронии пардохти роҳкиро, обҳои ташнашикан, хизматрасонии компутер, банкомат ва дигар хизматрасониҳои аввалиндараҷа муҳайё карда шаванд.

Ҳамзамон Раҷаббой Аҳмадзода дастур дод, ки ба ободонии атрофии истгоҳ ва чароғонкунии он низ эътибори ҷиддӣ дода шавад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд