(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altБо дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба муносибати 30-юмин солгарди баровардани Қӯшунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон як қатор ҷанговарони интернатсионалист ва оилаҳои онҳо мавриди аёдат қарор дода шуданд.

Ҷамшед Набизода, сармутахасис-ҳуқуқшиноси дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд ва Муқим Қобилов раиси Шӯрои ҷанговарони интернатсионалистони шаҳри Хуҷанд ба манзили ҷанговарони интернатсионалист Муҳаммад Субҳон, Султон Ӯлмасов ва модари сарбози дар ин ҷанг ҳалокгардида Муъмин Эшоновро мавриди аёдат қарор доданд.

Ҷамшед Набизода, сармутахасис-ҳуқуқшиноси дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд, номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба аёдатшавандагон расонид, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Фарзандони шуҷои Тоҷикистон дар солҳои ҷанги Афғонистон (с.1979-1989) қарзи шаҳрвандӣ ва вазифаи давлатии ба онҳо супоридашударо сарбаландона иҷро намудаанд. Чунин қаҳрамониҳову корнамоиҳои ҷанговарони интернатсионалист ҳеҷ гоҳ аз хотир зудуда нагардида, барои дар руҳияи баланди ватандориву ватанпарастӣ ва худшиносии миллӣ тарбия намудани насли наврас аҳамияти калон дорад. Имрӯз бо камоли ифтихор номи сарбозони ватанро ба забон мегирем, корнамоиҳои онҳо барои насли ҷавон намунаи олии ватандӯстӣ ва ҷасорат аст. Бо дастгирӣ ва ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳдошти вазъи иҷтимоии тамоми собиқадорони ҷангу меҳнат, хоса ҷанговарони интернатсионалист тадбирҳои судманд ба анҷом расонида мешаванд.

Дар радифи ин сиёсати хирадмандона Шӯрои собиқадорон – ҷанговарони интернатсионалисти шаҳри Хуҷанд ба иттифоқи тавоно ва мактаби матонат, дарси шуҷоату тарбияти ватандӯстӣ табдил ёфтааст». Аёдатшудагон аз ҷумла нависанда Муҳаммад Субҳон аз ин таваҷҷуҳ ва эътибори шаҳрдорӣ миннатдорӣ баён сохта, таъкид дошт, ки хизмат кардан ба Ватан шарафи бузург ва дар айни замон вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони бонангу номус мебошад. Ҳар як ҷавони боғурури Ватан бояд хуб дарк намояд, ки ватандӯстӣ ин арзи садоқат ба Ватан – Модар ва халқу давлати соҳибистиқлоли худ буда, дар пос доштани арзишҳои миллӣ ва аз тамоми манфиатҳо боло гузоштани манфиати давлату халқ зоҳир мегардад. Хизмати аскарӣ барои ҳар як ҷавон мактаби воқеии ҳаёт мебошад, чунки ин давра ба онҳо сабақи ватандӯстиву ҷавонмардӣ ва обутоби ҷисмонӣ медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки Муҳаммад Субҳон солҳои 1980-1981 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ дар хоки Афғонистон адои хидмат кардааст. Сипас, то соли 1983, дар Институти зоология ва паразитология ҳамчун корманди калони илмӣ фаъолият бурдааст. Соли 1984 дигарбора Афғонистон рафта, соли 1985 ба Ватан баргаштааст. Муҳаммад Субҳон муаллифи зиёда аз 60 мақолаҳои илмию оммавӣ, китобҳои «Луғати русӣ-тоҷикӣ аз зоология» (1974), «Асрори табиат» (1986), «Ҳифзи табиати кишвар» (1987), «Ҳифзи табиаткори зиндагӣ» (2001), афсонаҳои «Лаклаки сафед» (2002), «Ишқи мор» (2007), «Шоҳпаланг» (1998), «Наҳанги мӯйлабдор» ва ғайраҳо мебошад. Муҳаммад Субҳон бо медали академик Е.Н.Павловский, ордени «Дӯстӣ», медали «Ҷанговари интернатсионалист»,медали «Жуков», Ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС ва ҶШС Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, медали «Пешрав», медали «Собиқадори меҳнат», медали «Нишони сухан» ва ғайраҳо қадршиносӣ гардидааст.

Ба аёдатшудагон ҳамчунин медали ҷашнии 30 солагии баровардани Қӯшунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд