(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар остонаи ҷашни 26-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд озмуни “Суруди сарбоз-2019” баргузор мешавад.

Тибқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани озмуни мазкур масъулини дахлдор муваззаф гардидаанд.

Таъкид мешавад, ки ҳадаф аз доир намудани озмуни “Суруди сарбоз-2019” ин баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарастии ҷавонон, худогоҳии ҷавонону аскарон, ҳавасмандгардонии сарбозони қисмҳои низомӣ ва бо ҳамин васила дур намудани онҳо аз корҳои номатлуб мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд