(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади тарбия намудани худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстӣ дар ниҳоди хонандагон аз ҷониби маъмурияти муассисаи таълимии "Мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд" иқдоми шоистаи меҳанпарварӣ амалӣ карда шуд. Хонандагони синфи 1 "а" ин муассисаи таълимӣ давоми моҳи феврал бо либоси низомӣ ба машғулиятҳо омад истодаанд. Ин иқдом аз ҷониби волидайни кӯдакон истиқболи гарм пайдо намуда, худи хонандагон бо либоси низомии ба бар намудаашон дар муассисаи таълимӣ бо ифтихор мегарданд. Дигар хонандагони ин муассисаи таълимӣ низ хоҳони ба бар намудани чунин либоси низомиро орзу намуда истодаанд. Маъмурияти муассисаи таълимии "Мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд" дар нақша дорад, ки марҳила ба марҳила дар дигар синфҳо чунин тарбияи ватандӯстиро пиёда намоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд