(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар идомаи боздиди кории худ аз шаҳри Хуҷанд Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон аз рафти бунёди бинои нави Беморхонаи вилоятии касалиҳои дилу шараён дидан кард. Раиси вилоят аз вазъи корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот шинос гардида, ба сохтмончиёну табибон суҳбати самимӣ анҷом дод. Лозим ба ёдоварист, ки бинои нави беморхона аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд мегардад. Пудратчии сохтмони ин иншоот ҶДММ «Евростройсервис» мебошад.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз бинои нави Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Хуҷанд ба суръатбахшии корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави БДА-и шаҳри Хуҷанд аз таҳхона ва 3 ошёна бо истгоҳи нақлиётӣ иборат буда,дар масоҳати 1 гектар бунёд карда мешавад. Дар шафати БДА-и шаҳри Хуҷанд ҳамзамон корҳои сохтмонии бинои нави Хадамоти шиносномадиҳии шаҳр низ оғоз мегардад. Минбаъд дар ин мавзеъ ошхона низ ба назар гирифта шудааст. Раиси вилоят гуфт, ки ин ин мавзеъ обод гардида, роҳҳои он мумфарш ва чароғон карда мешаванд.

Зимни шиносоӣ аз фаъолияти ҶДММ «Хорои Хуҷанд» Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти ширкат дастур дод, ки ҳаҷми истеҳсолотро афзун намуда, барои ободонӣ, хуррамгардонии ҳудуди коргоҳ ва мумфаршкунии роҳҳо тадбирҳо андешад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд