(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯзҳо дар шаҳри Хуҷанд ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои нақша-чорабиниҳо бо фарогирии 341 банд ҷиҳати сохтмону азнавсозии 510 иншооти таъиноташ гуногун бомаром идома дорад.

Аз ҷумла, тибқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз ҷониби сохторҳои ободонию, хоҷагию манзилӣ ва қитъаи чароғонкунӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҷараёни тоза касб намудааст. Имрӯз корҳои чароғонкунӣ дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хучанд аз ҳудуди Боғи Камоли Хуҷандӣ то беморхонаи шараёни дил ба анҷом расонида шуд.

Дар ин масир аз ҷониби қитъаи чароғонкунии шаҳр беш аз 150 адад чароғпояҳои муосир насб гардиданд, ки ба ҳусни шаҳр, бахусус соҳили дарёи Сир ҷилои нав мебахшад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ба таври замонавӣ чароғонкунии кўчаҳои Аминҷон Шукӯҳӣ, Себзор ва Хуҷанд дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дошта, корҳои насби равшанкунакҳо бомаром идома дорад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд