(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи нахустини Шўрои ҷамъиятии шаҳр дар соли 2019 баргузор гардид. Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Шўрои ҷамъиятии шаҳр Маъруф Муҳаммадзода ба кори ҷаласа ҳусни оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ се масъала мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Сипас, аз рӯйи масъалаи якуми ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ Усмонҷон Юсуфӣ, мудири рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр доир ба «Рафти иҷрои қарори Раиси шаҳр «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020» дар шаҳри Хуҷанд баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020 ҳамчун санади барномавии дурнамои миёнамуҳлати сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия, баҳри паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия дар кишвар равона гардида, дар ҳамкории миёни мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ амалӣ карда мешавад. Мақсаду мароми Стратегияи мазкур ҷиҳати паст кардани сатҳи коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мунтазам бартараф намудани монеаҳо, фароҳам овардани шароит барои рушди иқтисодиёт, инкишофи арзишҳои демократӣ, баланд бардоштани некуаҳволии мардум равона карда шудааст. Аслан маънои коррупсия, ин кирдоре, ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ мебошад. Аз ҷониби масъулини сохторҳои дахлдор баҳри иҷрои Нақшаи кории дохилиидоравии татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020» дар шаҳри Хуҷанд давоми соли 2018 як қатор корҳо амалӣ карда шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати иҷрои банди 6-и Нақшаи мазкур дар мавриди пешгирии хароҷотҳои ғайриқонунии маблағҳо, вайронкунии интизоми молиявӣ ва пешгирии коррупсия дар соҳаи молия аз ҷониби Раёсати молияи шаҳр иттилоъ дода шуд, ки оид ба омилҳои ба пайдоиши коррупсия мусоидаткунанда ва дарки хавфи оқибатҳои номатлуби коррупсия бо кормандони мақомоти молия мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд. Инчунин аз тарафи кормандони масъули Раёсат дар вақти пешниҳоди ҳуҷҷат доир ба маблағгузории ин ё он маблағҳои буҷетӣ, ҳуҷҷатҳо дар асоси дастурамалҳои соҳавӣ чуқур омўхта шуда, пас аз он барои маблағгузорӣ пешниҳод карда мешаванд. Чунин таҳлилҳо, аз тарафи мутахассиси аудити дохила ва шўъбаи буҷетии Раёсат ҳам дар ҷояш ва ҳам аз рўи ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи муассисаҳои буҷетӣ гузаронида мешаванд то, ки маблағҳои буҷетӣ мақсадноку самаранок ба харҷ дода шаванд. Умуман, хароҷоти маблағҳои буҷетии аз тарафи муассисаҳои буҷетии аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузоришаванда зери назорати қатъӣ қарор дорад то, ки маблағҳои буҷетӣ мақсаднок ба харҷ дода шавад.

Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Шўрои ҷамъиятии шаҳр Маъруф Муҳаммадзода зимни барррасии масъалаи мазкур аз ҷумла зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд, ки “Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрўву эътибори онро коҳиш гардонида, барои рушди иқтисодиёт ва истифодаи ғайримақсадноки давлативу ҷамъият шароит фароҳам оварда, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояи ахлоқии ҷомеа мегардад”.

Аз ин рў, барои бартарафсозии онҳо бояд тамоми аъзоёни Шўро бо ҷомеаи шаҳрвандӣ корбарӣ намуда, ҷиҳати баланд бардоштани дониш ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тадбирҳои зарурӣ андешан лозим аст.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки новобаста аз он, ки дар самти иҷрои «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020» дар шаҳри Хуҷанд корҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст, вале мизони коррупсия то ҳол дар баъзе сохторҳою идораву ташкилотҳо эҳсос мешавад ва бояд дар ин самт муборизаро ҷоннок намуда, чорабиниҳоро ҷиҳати пешгирии коррупсияро роҳандозӣ намуд.

Аз руйи масъалаи дуюми ҷаласаи Шӯро Муҳайё Дадобоева, сармутахасис-котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак роҷеъ ба “Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки баҳри татбиқи Қонуни зикргардида дар соли 2018-ум 12 маротиба ҷаласаи Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак доир гардида, дар он 260 масъала мавриди муҳокима қарор дода шуд. Дар ин замина масъалаи 110 нафар ноболиғони рафторашон бо қонун мухолифатдошта ва душвортарбия бо ҳузури ноболиғон ва волидайнашон баррасӣ гардид. Дар асоси нақшаи Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак дар якҷоягӣ бо намояндагони прокуратура ва шўъбачаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғони ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мунтазам рейдҳои муштарак гузаронида шуд.

Таъкид шуд, ки мақсад аз қабул шудани қонуни мазкур бештар намудани масъулият, дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ пеш бурдани таълиму тарбияи фарзандон ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо мебошад.

Дар баррасии масъалаи мазкур аъзои Шӯрои ҷамъиятии шаҳр Ф. Нуруллозода, Н. Маликисломӣ, М. Маҳмудов, М. Юсуфов, М. Орифӣ, И. Калонзода ва дигарон баромад намуда, андешаҳои хешро доир ба таҳкими муносибати волидайн бо мактабро дар самти тарбияи ноболиғон зарур арзёбӣ намуданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Шўрои ҷамъиятии шаҳр Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» тақозои ҷомеа ва замон буда, он барои таълиму тарбияи фарзанди комил, таҳкими сармояи зеҳнӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар, мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳо вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд нигаронида шудааст. Дар сурати пеш омадани мушкилӣ баҳри тарбияи фарзанд бояд падару модар бо аҳли адабу фарҳанг ё роҳбарони сохторҳои мақомоти маҳаллию кормандони ҳифзи ҳуқуқ хамкорӣ ба роҳ монда, фарзандонро ончунон тарбия намоянд, ки номбардори падару модар ва ватану миллати хеш бошанд. Бо тасдиқи нақшаи корӣ ва ҳайати нави Шӯрои ҷамъиятии шаҳр ба кори он ҳусни анҷом бахшида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд