(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altТаҳти роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо иштироки муовини аввал, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз рӯйи вазифагузориҳои моҳи январи соли равон баёншуда ва дигар масоил ҷаласаи васеъи шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Нахуст, Беҳруз Қурбонзода, ёрдамчии прокурори шаҳри Хуҷанд доир ба санҷишҳои гузаронидашуда дар самти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» маълумоти муфассал манзур намуд. Сипас, муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода, муовинони Раиси шаҳри Хуҷанд Аюб Раҳматзода, Ҷамшед Абдуқаюмзода ва Фирӯза Нуруллозода доир ба самтҳои фаъолият дар моҳи январ ҳисобот манзур намуданд.

Таъкид гардид, ки дар самти бунёдкорию созандагӣ дар доираи чорабиниҳои 1300 рўзи ободонӣ бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳо вусъат дода шуда, дар хиёбону кўчаҳои шаҳр моҳи январ 2020 бех дарахтони ороишии ҳамешасабз ва 10,4 ҳазор дона гули садбарг шинонида шуда, инчунин 213 ҳазор дона тухми пиёзаки лола, 300 ҳазор адад гулҳои ҳархелаи ороишии қаблан шинонидашуда таҳти нигоҳубин қарор дошта, 30 ҳазор адад навниҳоли ороишӣ дар муассисаи кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ барои минбаъд шинонидан дар кўчаю хиёбонҳо парвариш шуда истодааст. Иттилоъ дода шуд, ки таҷдиду азнавсозии кӯчаи ба номи Саиднофеъ Саидвалиеви маҳаллаи Чашмаи Арзанаи шаҳр ҳусни оғоз бахшида шуд. Ин роҳ бо фосилаи зиёда аз 3 километр дар ояндаи наздик бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд пурра мумфарш гардида, канори роҳ чароғон, пайроҳа ва обравҳо азнавсозӣ мешаванд.

Баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати маънавию ҳуқуқӣ ва сиёсии сокинон, аз он ҷумла ҷавонон 41 чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ ва сиёсию иҷтимоӣ бо иштироки зиёда аз 32 ҳазор нафар баргузор гардид. Бо мақсади тарғибу ташвиқи мўҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавассути 47 вохўриҳои расмӣ нуктаҳои асосии Паём ба тамоми ҷомеаҳои меҳнатию сокинон расонида шуд. Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон то имрўз дар 22 муассисаҳои тахсилоти миёнаи умумии шаҳр кабинет ва озмоишгоҳи фаннӣ таъмиру муҷаҳҳаз гардонида шуданд.

Сипас, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода таваҷҷуҳи масъулинро ҷиҳати вусъати корҳои ободонӣ дар самти азнавсозии кӯчаҳои алоҳидаи шаҳр, истгоҳҳо, ташкили шиногоҳи нав, чароғонкунии хиёбонҳои шаҳр, бунёди иншооти ҷашнӣ, кабудизоркунии қадди кӯчаҳо, таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, содироти маҳсулот ба хориҷ кишвар, воридоти сармоя баҳри рушди истеҳсолот, батартибдарории бозорҳои шаҳр, иҷрои нақшаи андоз, таъсиси кабинетҳои фаннӣ, ташкили назорати доимии сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои соҳаи маориф, танзими ҳаракати нақлиёти мусофиркашон, беҳдошти вазъи санитарию гигиении аҳолӣ, ташкили гуруҳҳои фаврии партовбарорӣ ва ғайраҳо ҷалб намуда, ба иҷрои сифатноки он даъват ба амал овард.

Дар анҷоми ҷаласаи васеъи корӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода вобаста ба омодагӣ ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои бандҳои нақшаи чорабинии таҳиягардида ба масъулини дахлдор супоришҳои мушаххас дод. Таъкид шуд, ки бояд дар ин давра 510 иншооти таъиноташ гуногун азнавсозӣ ва бунёд карда шаванд. Барои мардум шароити арзандаи зиндагӣ таъмин гардад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд