(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altТибқи ҷадвали тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд ҷиҳати тарғибу ташвиқи ҳадафҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки устодону донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ, ҷавонон, варзиш, раисони кумитаи маҳаллаҳо, Шўрои занон ва кор бо ҷавонони маҳаллаҳо, уламои дин вохўрӣ доир гардид.

Ҷиҳати шарҳи муҳтавои нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Тоҷибой Султонзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Усмонҷон Юсуфӣ, устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Зулфия Раҷабова, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон А.Абдуманнонов ва намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҳ. Атаева маърўза намудаанд.

Дар мулоқот аз ҷониби марӯзачиён оид ба дастовардҳои халқи тоҷик дар давоми соли 2018 ва нақшаву ҳадафҳои дурбинонаи Пешвои миллат, ки дар паёми имсола ироа шуда буд гуфта шуда, ҳамзамон доир ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ҳифз ва дӯст доштани табиати биҳиштосои Тоҷикистон, мустаҳкам намудани оиладорӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз маърӯза карда шуд.

Дар охир байни устодон ва иштирокдорони чорабинӣ саволу ҷавоб доир ба масъалаҳои гуногун карда шуда, аз ҷониби маърузачиён ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд