(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, тибқи нақшаи якҷояи бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, шўъбаи маориф ва федератсияи футболи шаҳр аз санаи 7 январ то 2 феврали соли 2019 мусобиқаи анъанавии шаҳри Хуҷанд оид ба футбол барои дарёфти ҷоизаи «Бойчечак-2019» байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ соли таваллудашон 2006-2007, 2004-2005 ва 2002-2003 ташкил ва гузаронида шуд.

Мусобиқа дар майдони футболи Муассисаи давлатии мактаби варзишии №1 шаҳр баргузор гардида, дар он 832 нафар футболбозони наврас дар ҳайати 52 даста байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Бозии финалии мусобиқа санаи 2 феврали соли 2019 байни футболбозони соли таваллудашон 2002-2003 байни дастаҳои МТМУ №12 ва литсейи №1 ба номи Муҳаммад Осимӣ дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дақиқаҳои асосии бози бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфта, ҳангоми задани зарбаи 11 метра дастаи литсейи №1 ба номи Муҳаммад Осимӣ даст боло гардиданд.

Дар маросими ҷамбастии мусобиқа муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ғолибонро аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода таҳният гуфта, аз ҷумла таъкид дошт, ки мақсади аз баргузории мусобиқа ин пеш аз ҳама оммавӣ гардонидани варзиш, рушди намуди варзиши футбол ва ҷалби васеи наврасону ҷавонон ба ин намуди варзиш буда, он ҷиҳати татбиқи Барномаи маҳалли рушди футбол барои солҳои 2017-2021, ки бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз аз 14 ноябри соли 2017, №629 тасдиқ гардидааст, ташкил ва гузаронида шуд. Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибон Ҷом, ифтихорномаҳо ва тўҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки дар мусобиқа байни наврасони соли таваллудашон 2006-2007 сазовори ҷои якум дастаи гимназияи №4, сазовори ҷои дуюм дастаи мактаб барои хонадагони болаёқат ва сазовори ҷои сеюм дастаи МТМУ №22 гардиданд. Байни наврасони соли таваллудашон 2004-2005 сазовори ҷои якум дастаи гимназяи №4, сазовори ҷои дуюм дастаи гимназияи №13 ва ҷои сеюм дастаи литсейи донишкадаи политехникӣ сазовор гардиданд. Байни футболбозони соли таваллудашон 2002-2003 сазовори ҷои якум дастаи литсейи №1 ба номи М.Осимӣ, сазовори ҷои дуюм дастаи МТМУ № 12 ва ҷои сеюм дастаҳои гимназияи №4 ва МТМУ №8 сазовор гардиданд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд