(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар Арт-галерияи «Сомониён»-и шаҳри Хуҷанд намоиши мусаввараҳои рассоми бомаҳорати тоҷик Рустамҷон Сангинов ба ифтихори 40 солагии фаъолияти эҷодиаш баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз асарҳои офаридаи ин ҳунарманди соҳибистеъдод дидан карда, ба онҳо баҳои баланд дод.

Бояд қайд намуд, ки дар намоишгоҳ беш аз 50 санъати тасвирӣ ба тамошо гузошта шуда буданд. Дар офаридаҳои рассоми шинохта Рустамҷон Сангинов ва шогирдонаш бо санъати баланд шоҳкориҳои наққошии тоҷик дар мавзуъҳои мухталиф мунъакис гардида буданд, ки аз тахайюлоти бою рангин ва зебоипарастии муаллифонаш шаҳодат медод. Инчунин рассомон дар мусаввараҳои худ табиати зебои ватанамонро инъикос намудаанд. Бахусус офаридаҳои Рустамҷон Сангинов, Инъомҷон Ахмедов, Карим Мӯъминов, Наим Мӯъминов, Шариф Ҳикматов, Саиднеъмат Саидоқилзода, Далер Усмонов, Акбар Исоев, Валӣ Маҳмудов ва дигарон аз истеъдод ва маҳорати баланди онҳо шаҳодат медод. доданд.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни ошноӣ бо офаридаҳои рассомон таъкид дошт, ки санъати тасвирӣ ва наққошӣ аз анъанаҳои миллии тоҷикон маҳсуб ёфта, моро дар ҷаҳон муаррифгар аст. Аз ин дидгоҳ таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин санъати бадеъӣ хеле зиёд аст ва пайваста талқин менамоянд, ки баҳри рушду инкишофи он сайъ намоем.

Раиси вилоят гуфт, ки бояд мавзуъҳои офаридаи рассомон бештар доир ба Ваҳдат, дӯстии байни миллатҳо, худшиносиву худогоҳӣ, хештаншиносӣ бахшида шавад ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд омода аст, ки онро харидорӣ намояд.

Раҷаббой Аҳмадзода тарбияи ҷавононро дар ин самт муҳим арзёбӣ карда, таъкид дошт, ки ин санъати миллӣ аз насл ба насл интиқол дода шавад ва ҷавҳари 1000 солаи худро аз даст надиҳад, ба ояндагон мерос гузошта шавад. Ҳадафи асосии чунин намоишҳо, пеш аз ҳама, баланд бардоштани ҳисси ватанпарастиву меҳандӯстии насли наврас, ҷалби таваҷҷуҳи онҳо ба зебоиву зебоипарастӣ мебошад.

Воқеан ҳам офаридаҳое аз қабили «Истиқлолият», «Симои падар», «Намояи наққошӣ», «Симои модар», «Дастархони баҳорӣ», «Об сарчашмаи ҳаёт», «Дӯстӣ», «Ваҳдат», «Қалъаи Муғ» ва ғайраҳо таваҷҷуҳи бинандаро ба худ ҷалб менамуд.

Воқеан ҳам Рустамҷон Сангинов муаллифи ороишии зиёда аз 30 иншооти маданию фарҳангӣ мебошад, аз ҷумла чойхонаҳои «Сирдарё», «Азизон», кундалкории сақфи «Кохи Наврӯз»-и шаҳри Душанбе, «Хуррамшаҳр» шаҳри Данғара ва ғайраҳо мебошад. Барои эҳё ва инкишофи ҳунарҳои халқӣ аз ҷумла наққошӣ, кундалкорӣ, кошинкорӣ, тарбияи садҳо шогирдон саҳм гузоштааст.

Ёдовар мешавем, ки Рустамҷон Сангинов бо мусаввараҳои зебою дидании худ табиати Тоҷикистонро дар як қатор мамлакатҳои ҷаҳон муаррифӣ намудааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рассоми шинохтаи тоҷик Рустамҷон Сангинов бо 40 солагии фаъолияти эҷодияш таҳният гуфта, таъкид дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд омода аст барои муҳайё намудани шароитҳои беҳтарини корӣ тадбирҳо андешад. Дар баробари ин рассомони вилоятро лозим аст, ки офаридаҳои худро дар шакли армуғон омода ва намоиши мусаввараҳои хешро на фақат дар дохили кишвар балки дар хориҷи он ба роҳ монанд.

Ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд дастур дода шуд, ки ҷиҳати ташкили бештари чунин намоишгоҳҳоро тадбирҳо андешад, дар он ашхоси касбу кори гуногун ва сайёҳони дохилию хориҷӣ ширкат варзида бо дастранҷи ҳунармандони шаҳр ошноӣ пайдо намоянд.

Қобили зикр аст, ки Арт-галереяи «Сомониён» ҳамчун маркази намоиши асарҳои тасвирӣ аз соли 1998 фаъолияти худро оғоз намуда, дар тӯли зиёда 20 сол, зиёда аз 170 намоиши хурду бузурги рассомонро ба маърази тамошо гузоштааст.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд