(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки волидайни хонандагони макотиби шаҳр оид ба дохилшавиии довталабони тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар баргузор гардид.

Мушовири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Н. Абдуллоева ва муовини директор оид ба корҳои таълим ва тарбияи гимназияи 1 С. Солиева баромад намуда, аз ҷумла зикр доштанд, ки дуруст ба роҳ мондани корҳои омодагӣ ба имтиҳонҳои марказонидани дохилшавӣ, хусусан корҳои иттилоотию таблиғотӣ як омили комёбии довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Таъкид шуд, ки имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ чорабинии муҳими соҳаи маорифи кишвар мебошад, ки таваҷҷуҳи тамоми қишрҳои ҷомеа дар тамоми марҳалаҳояш ба он нигаронида мешавад. Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста таъкид менамоянд, ки низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ таъминкунандаи шаффофият, адолат ва арзёбии баробари донишу маҳорати довталабон мебошад.

Дар анҷоми семинар волидайн аз тарғибгарон ба саволҳои худ марбут ба тарзу усули дохилшавӣ тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дарёфт намуданд.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд