(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади огоҳӣ аз вазъи таъминкунии оби нӯшокӣ ва иншооти сохташаванда доир ба дастрасии аҳолии маҳаллаҳои навбунёд ба оби нӯшокӣ аз раванди сохтмон ва тадбирҳои амалишаванда дар ҳудуди шаҳр ошноӣ пайдо намуд.

Нахуст Маъруф Муҳаммадзода аз иншооти обтаъминкунии №4, ки дар микроноҳияи 18- ум воқеъ аст шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур соли 1970 сохта шуда, аз 19 адад чоҳҳои амудӣ иборат буда, бо 1 адад пойгоҳи обкашӣ таҷҳизонида шудааст.

Ҳамчунин дар ин ҷо пойгоҳи обболобардори дараҷаи 2-юм бо таҷҳизоти обкашӣ таҷҳизонида шуда, обтаъминкунии маҳаллаҳои 14, 15, 19, 18, 13, 8, 12 ва дигар маҳаллаҳоро ба иҷро мерасонад.

Раиси шаҳр ба масъулини дахлдор дастур дод, ки ҷиҳати зиёд намудани иқтидорҳои пойгоҳи обкашӣ тадбирҳо андешида шуда, аз ин мавзеъ барои таъмини аҳолии маҳаллаҳои навбунёд бо оби нӯшокӣ сайъ намоянд.

Сипас, Раиси шаҳр аз корҳои анҷомдодаи Маъмурияти корхонаҳои сохташудаистодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар самти таъминот бо оби нӯшокӣ барои сокинони маҳаллаҳои навбунёд ошноӣ пайдо намуд.

Аз ҷониби роҳбари Маъмурияти корхонаҳои сохташудаистодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Шуҳрат Файзуллозода иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби корхонаи мазкур ҷиҳати таъмин намудани аҳолии маҳаллаҳои навбунёди 1-15-уми соҳили рости шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти «Хатти обрасонӣ аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд», марҳалаи аввали он «Таҷдид ва зиёд намудани иқтидорҳои истгоҳи №4 КВДК «Хуҷандобуканал»»-ро ҳанӯз соли 2016-ум оғоз намуд.

Корҳои сохтмону-васлгари аз рӯи лоиҳа сохташудаистода дар соли 2016-ум дар истгоҳи бардошти II-юм дар микроноҳияи -12-ум иншоотҳои лозимаи инфрасохтори обтаъминкунӣ сохта шудаанд. Тибқи лоиҳа бояд 2 ҳавзи оби тоза ҳар кадоме ба андозаи 500м3, 1 адад истгоҳи бардошти II, 1 адад истгоҳи трансфарматорӣ бояд ба кор андохта шавад.

Хобонидани қубурҳо аз микроноҳияи 18 то микроноҳияи 12 амалӣ гардида, дар микроноҳияи -14-ум аз 2 ҳавзи захиравии оби нӯшокии ҳаҷми ҳар кадомаш 2500м3-и ба нақша гирифта шуда сохтмони 1- адад ҳавзи захиравии оби нӯшокӣ ба итмом расида истодааст.

Дар соли ҷорӣ васли қубурҳо то ҳавзи номбаршуда ва ба корандозии ҳавзи оби нӯшокӣ дар назар дошта шудааст.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода доир ба сифатан анҷом додани корҳои сохтмонӣ ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод. Таваҷҷуҳи асосӣ ба камхарҷ ва бо афзун намудани иқтидорҳои обрасонӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки дар ояндаи наздик дар маҳаллаҳои навбунёди шаҳр сокинон хона бунёд намуда, зиндагӣ оғоз менамоянд ва табиист, ки ба оби нӯшокӣ эҳтиёҷи бештар пайдо мешавад.

Маъруф Муҳаммадзода ҳамзамон аз иншоооти обдиҳии №2 воқеъ дар микроноҳияи 34 ва ҳавзи захиравии иншоти обдиҳии корхонаи Садафи маҳаллаи Чашма боздид намуда, ҷиҳати самарнок ба корандозии он ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода таъкид намуд, ки то таҷлили ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди чунин инфрасохтори иҷтимоӣ, ки ба некуаҳволии мардум равона гардидааст, дар шаҳр вусъат меёбад.

Хотиррасон менамоем, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30- солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар асоси дастуру ҳидоятҳои роҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иқдомҳои созандаи шаҳрдорӣ дар шаҳри Хуҷанд корҳои созандагиву ободонӣ вусъати тоза касб мекунанд.

Дар ин робита баҳри таъмини сокинони шаҳр бо оби нӯшокии аз ҷиҳати экологӣ тоза тайи солҳои охир аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Натиҷаҳо дар ин самт назаррасанд.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд