(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар ҷараёни боздиди Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз муассисаҳои томактабӣ ва иҷтимоии кӯдаконаи шаҳр, ки ҳафтаи сипаришуда сурат гирифта буд, яке аз тарбиятгирандагони комплекс кӯдакистон-мактаби махсус барои кӯдакони узви босираашон суст ва нобино Меҳрона Атомуллоева аз шаҳрдор дучарха дархост карда буд.

Субҳи имрӯз бо мусоидати Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дучарха харидорӣ ва аз ҷониби мудири маорифи шаҳр Муҳайё Акмалхӯҷаева ба Меҳрона Атомуллоева дастрас гардид. Меҳронаро аз ин туҳфаи ногаҳонӣ шодию нишот ҳадду канор надошт. Меҳрона ба Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода миннатдории хешро баён дошт.

Меҳрона Атомуллоева шашсола буда, 3 сол инҷониб дар комплекс кӯдакистон-мактаби махсус барои кӯдакони узви босираашон суст ва нобинои шаҳри Хуҷанд таълиму тарбия мегирад. Волидайнаш аз оилаҳои камбизоат буда, дар ҷамъияти нобиноёни вилоят кору фаъолият доранд. Имрӯз Меҳрона Атомуллоева бо дучархаи нав ба хонаашон меравад.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд