(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд доир ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2018 ҷаласа баргузор гардид. Сардори Марказ Султон Раҳмонзода аз ҷанбаҳои фаъолият дар соли сипаришуда маълумот дода, аз ҷумла афзуд, ки баҳри пешгирии сар задани бемориҳои сироятӣ, бемориҳои касбӣ ва заҳролудшавии аҳолӣ аз 2118 иншоотҳои зериназорати бо назардошти мороторӣ 1153 ададашон бо муоинаҳои санитари фаро гирифта шудаанд миқдори умумии санҷишҳо 1650 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 663 муоинаҳо бо ҷалби ташхисҳои бактериологӣ ва кимиёвӣ мебошад. Зимни санҷишҳои гузаронидашуда 1392 намунаҳои хӯрока, 385 намунаҳои об бо ташхисҳои кимиёвӣ ва бактериологӣ тадқиқ шудаанд. Дар давоми соли сипаришуда дар иншоотҳои зериназоратӣ 32 маротиба тадқиқотҳои омилҳои физикавии муҳити атроф гузаронида шуда дар давоми он 97 муоинаҳои микроиқлим, 157 муоинаҳои равшаннокӣ гузаронида шудаанд. Дар давоми сол ташхиси бактериологи 2011 нафар шахсони ба фаъолият оғоз менамуда гузаронида шуда бо мақсади профилактики бошад 8112 нафар шаҳрвандон бо ташхис фаро гирифта шудаанд. Дар асоси муоинаҳои санитарии гузаронидашуда ва камбудиҳои ошкоргардида ба 728 нафар протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда аз онҳо 98900 сомонӣ ҷарима ба фоидаи буҷа рӯёнида шудааст, инчунин 110 адад қарорҳои сардухтур оиди боздошти фаъолияти иншоотҳо, манъи фаъолият ва маҳви маҳсулоти шубҳаноки пастсифат бароварда шудаанд.

Султон Раҳмонзода гуфт, ки дар давоми соли сипаришуда зиёда аз 200 номгӯи маҳсулотҳои ғизоии шубҳаноки пастсифат аз қабили маҳсулотҳои қаннодӣ, маҳсулотҳои гӯштӣ, равғани растанӣ, хушбӯйкунандаҳо ва ғайраҳо ба миқдори 8 ҳазору 940 кило аз муомилот боздошта шуда тибқи санадҳо нобуд сохта шудаанд. Аз тарафи кормандони марказ 38 баромадҳо бо воситаи телевизионҳои маҳаллӣ ва вилоятӣ оиди тарзи ҳаёти солим пешгирии бемориҳои сироятӣ, пешгирии заҳролудшави аз ғизо, пешгирии бемории ботулизм гузаронида шуданд. Варақаҳо оиди ин мавзӯъҳо дар бозорҳо ва марказҳои савдои шаҳр тақсим карда шуданд. Варақаҳо оиди ин мавзӯъҳо дар бозорҳо ва марказҳои савдои шаҳр тақсим карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар самти назорати сифати оби нӯшокӣ ва маҳсулотҳои хӯрокворӣ дар соли 2018 аз иншоотҳои обтаъминкунӣ 385 намунаҳо, аз муассисаҳои хӯроки умум, савдо ва саноати хӯрокворӣ 1392 намунаҳо барои ташхис гирифташуда, аз ташхиси бактериологӣ ва кимиёвӣ гузаронида шуданд.

Инчунин аз тарафи мутасаддиёни марказ 31 адад муроҷиатҳои шаҳрвандон дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ҳамчунин чорабиниҳо вобаста ба гузаронидани рӯзи санитарӣ дар бозорҳо, таъмини фурӯшандагони бозор бо либоси санитарӣ, бардоштани савдои маҳсулотҳои зуднобудшаванда аз ҷойҳои муайяннашуда дар зери назорати доимии марказ қарор дошта, фаъолият дар ин самт давом дорад. Дар соли сипаришуда нисбат ба соли 2017 ҳодисаҳои ба бемории сирояткунандаи ҷудогона гирифтор шудани аҳоли 755 ҳодиса кам шудааст.

Сипас, аз тарафи муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ва сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилояти Суғд Умед Нуруллозода доир ба самтҳои мухталифи Марказ пурсиш ба амал оварда шуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо масъулин вазифагузорӣ гардиданд.

Бо муайян намудани самтҳои фаъолият дар соли ҷорӣ ба ҷаласа ҳусни анҷом бахшида шуд.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд