(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд бо ҳузури роҳбарони мактабҳои варзишӣ, варзишгарон ва масъулини соҳа аз фаъолияти худ дар соли 2018 натиҷагирӣ намуд.

Абдувосид Ғафуров мутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд оид ба фаъолияти бахш дар соли 2018 ҳисобот дод.

Иттилоъ дода шуд, ки даҳ самтҳои афзалиятноки соҳаи ҷавонон: иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, шуғлнокии онҳо, таъмини тарзи ҳаёти солим, таҳсилоти муносиб, таъминоти иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҷавонон, таъмини мустақилияти иқтисодӣ, тарбияи ватандўстӣ, ахлоқи ҳамида ва фарҳангдўстӣ, ҷанбаҳои илмию амалӣ ва методии сиёсати давлатии ҷавонон муайян гардидааст ва аз рӯйи он корбарӣ сурат гирифт.


Ҷавонон қувваи бузург ва пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, мувофиқи маълумотҳои оморӣ шумораи умумии ҷавонони шаҳри Хуҷанд дар соли 2018 ба 56 ҳазору 500 нафар расид. Аз ин шумораи умумӣ, ҷавонони аз 14 то 18 сола 8200 нафар писарон ва 8100 нафар духтарон буда, ҷавонони аз 19 то 30 сола 20200 нафар писарон ва 20000 нафар духтарон мебошанд.


Ҷиҳати рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва ҷалби васеи омма ба намудҳои мухталифи варзиш ва бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар соли 2018 зиёда аз 100 чорабиниҳои варзишӣ аз қабили мусобиқаву чемпионатҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуривӣ, лига ва спартакиадаҳо, дав, веломарафон ва монади инҳо баргузор гардиданд.

Абдувосид Ғафуров гуфт, ки ҷиҳати беҳдошти тарбияи ватандўстии ҷавонон Фестивал - озмуни «Таронаи сарбоз», мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар», «Ҳомиёни ҷасури Ватан», «Муҳофизи Ватан» варақаҳои таблиғотӣ дар мавзўи «Муҳофизати Ватан қарзи фарзандии мост» рўзи дарҳои кушод дар қисмҳои низомӣ, вохўрии ҷавонони синни тодаъватӣ бо сарбозону афсарон ва барномаҳои фарҳангӣ дар қисмҳои низомӣ ташкил ва баргузор гардиданд. Ҳамчунин бо мақсади таҳкими ватандўстии ҷавонон, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллии ҷавонон барномаҳои телевизионӣ ва роликҳои тарғиботӣ сабт гардида, пешкаши бинандагон гардид. Баҳри ҳавасмандкунӣ ва дастгирии моддиву маънавии ҷавонону ва варзишгарон санаи 22 майи соли 2018 маросими супоридани Стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд доир гардид. Дар он барои 100 нафар ҷавонони фаъол, аз ҷумла 20 нафар варзишгарони беҳтарин Стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд ба маблағи 1000 (ҳазор) сомонӣ тақдим карда шуд. Ҳамзамон барои 20 нафар хатмкунандагони курси семоҳаи “Мактаби сарварони ҷавон” шаҳодатнома супорида шуд.

Қайд карда шуд, ки дар соли 2018 зиёда аз 180 чорабиниҳои сатҳи мухталиф аз қабили вохўриву мулоқотҳо, озмунҳо, конфронсҳо, аксияҳо, чорабиниҳои маънавӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ, фестивалҳо, корҳои ободониву созандагӣ, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ ва монанди инҳо бо ҷалби беш аз 146 ҳазор нафар ҷавонону наврасон, варзишгарон ва сокинону меҳмонон баргузор гардиданд.

Сипас директорони мактаби варзишӣ №4 Баҳром Усмонов, мактаби варзишӣ №2 Муҳаммадҷон Сулайманов ва мактаби варзишии №1 Хуршед Ҳомидов оид ба фаъолияти мактабҳои варзишӣ дар соли 2018 ҳисобот доданд.

Дар охир нақшаи кории кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр барои соли 2019 тасдиқ гардида, аз чониби мудири бахш Бахтиёр Исматҷонов вазифагузориҳо вобаста ба ҷоннок намудани фаъолияти кории бахш ва мактабҳои варзишӣ муайян гардиданд.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд