(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар толори КВДК «Хуҷандобуканал» доир ба натиҷаҳои амалишавии лоиҳаи «Марҳилаи 3-юми барномаи беҳтаргардонии низоми таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи партоб»-и шаҳри Хуҷанд дар соли 2018 бо иштироки гуруҳи иҷроиши лоиҳа, аз ҷумла фармоишгар, пудратчиён ва мушовирон ҷаласа баргузор гардид.

Носир Ғафурзода директори генералии КВДК «Хуҷандобуканал» ҷаласаро оғоз намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки дар шаҳри Хучанд бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишнома «Оид ба ҷудо намудани маблағ барои марҳилаи 3-юми лоиҳаи барномаи беҳтаргардонии низоми таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи партовоб»-и шаҳри Хуҷанд» бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба имзо расонида шуд, ки он давра ба давра амалӣ шуда истодааст.

Баъди ташрифи Раиси вилояти Суғд Раҷабой Аҳмадзода ба минтақаи иншооти партовобтозакунии шаҳри Хуҷанд ва вазифагузории роҳбари вилоят дар ин самт як қатор тадбирҳо андешида шуданд. Раванди амалишавии лоиҳа зери назорати домии роҳбарияти шаҳр қарор дорад.

Раҳмат Бурҳонов, директори иҷроияи лоиҳаи «Марҳилаи 3-юми барномаи беҳтаргардонии низоми таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи партоб» доир ба фаъолият дар соли 2018 маълумоти муфассал дода, аз ҷумла зикр дошт, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, дастрас намудани оби тозаи ошомиданӣ ба аҳолӣ ва беҳтар намудани низоми партовоби шаҳр лоиҳаи давлатии сармоягузории “Марҳилаи сеюми Барномаи беҳтаргардонии низоми таъминоти оби нўшокӣ ва рафъи партовоб”-и шаҳр, амалӣ гардида истодааст.

Тибқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, Лоиҳаи “Барномаи беҳтаргардонии низоми таъминоти оби нўшокӣ ва рафъи партовоб”- и шаҳр марҳилаҳои якум ва дуюми он ба охир расидааст.

Марҳилаи сеюми Лоиҳа моҳи июли соли 2016 оғоз гардида, дар доираи иҷроиши марҳилаи сеюми Лоиҳа дар доираи 8 лот таъмир ва таҷдиди иншооти партовобтозакунии асосии шаҳр; таъмири иншооти партовоббардори асосӣ;ивази қубурҳои фарсудашудаи партовоби шаҳр;ивази қубурҳои фарсудашудаи магистралӣ ва кўчаҳои алоҳидаи шаҳр;харидории таҷҳизот барои истеҳсоли гипохлорид; харидории таҷҳизот ва таъмири ташхисгоҳи оби нўшокӣ ва партовоб;харидории мошин ва механизмҳо; харидорӣ ва насби обченкунакҳои калонҳаҷм;таъмир ва таҷдиди иншооти обдиҳӣ, партовоб ва ивази қубури обгузар бо таҷҳизонидани обченкунакҳо дар шаҳраки “Обшорон” ҷалби мушовирон ба нақша гирифта шудааст. То имрўз қисми зиёди корҳо ба иҷро расонида шудаанд.

Сипас, аз ҷониби пудратчиён ширкати «Фела Планунгс»-и давлати Шветсария, ҶДММ «Суғдбарқсохтмонлоиҳакаш», роҳбариияти КВДК «Хуҷандобуканал» ва мушовирони хориҷии ширкати «Холингер» баҳри босифат ва дар муҳлати муайян ба иҷро расонидани корҳои сохтмонӣ мубодилаи афкор сурат гирифт, таъкид шуд, ки ҳамагон барои муваффақона ба анҷом расонидани лоиҳа ҳавасманд мебошанд.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд