(0 овоз, миёна 0 аз 5)

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи муовини директори Маркази миллии
қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Саидзода И.Ҳ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Саидзода Иззатулло Ҳабибулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
22 январи соли 2019
№1184

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи директори Маркази миллии қонунгузории
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Саидзода И.Ҳ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Саидзода Иззатулло Ҳабибулло директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
22 январи соли 2019
№1185

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини директори Маркази миллии
қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Маҳмадшозода Ф.А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Маҳмадшозода Фарҳод Абдураҳмон муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
22 январи соли 2019
№1186

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи ректори муассисаи давлатии таълимии
«Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон» озод намудани Абдухолиқзода Л.А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ректори муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
22 январи соли 2019
№1187

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ректори муассисаи давлатии таълимии
«Донишкадаи идоракунии давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
таъин намудани Ғафурзода А.Д.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ ректори муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
22 январи соли 2019
№1188

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи муовини
раиси Бонки миллии Тоҷикистон
озод намудани Икромӣ С.С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Икромӣ Сироҷиддин Салом бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
22 январи соли 2019
№1189