(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҷашни Сада аз ҷашнҳоест, ки аҷдодони мо бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мекарданд ва онро рӯзи расидан ба гармиву рӯзи нек меҳисобиданд. Туфайли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҷашну маъракаҳо ва оину русуме, ки солиён аз байн рафта буд, дубора эҳё гардид. Маҳз бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллати тоҷик мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Сада соли дуюм амсоли ҷашни Наврӯзи дилафрӯз таҷлил карда мешавад. Ба ин маъно дар яке аз суханрониҳояшон Президенти кишвар таъкид сохтанд, ки «Миллати тоҷик, ки соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима аст, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд».

Аз ин бармеояд, ки расидан ба истиқлолияти миллӣ барои анҷом додани корҳои муҳими миллӣ, аз ҷумла эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашнҳои миллӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Истиқлолият амсоли калидест, ки дарҳои бастаро боз намуд, расму оинҳои фаромўшшударо эҳё кард, барои ба сомон расонидани корҳои зиёди созандагӣ роҳ ҳамвор намуд.

Ҷашни Сада яке аз он ҳафт ҷашни аҷдодиест, ки бо номҳои Наврӯзу Сада, Тиргону Меҳргон, Дайгону Ялдо ва Сездаҳбадар маълум буданд, дониста шуда, онҳо барои расидан ба пояи ҳафтгонаи камолоту хушбахтӣ, яъне пайравӣ аз маниши нек, пеша намудани ростӣ дар зиндагӣ, нерӯмандию тавоноӣ бахшидан ба афкори ҷомеа, ишқу умед ба зиндагӣ ва расидан ба камолу шинохти ҳақиқат мусоидат мекунанд.

Чун дигар ҷашнҳои милливу аҷдодӣ ҷашни Сада ҳам таърихи пайдоиш ва рушду такомули худро дорад. Ба сарчашмаҳои таърихӣ муроҷиат мекунем ва аёнамон мегардад, ки муҳақиққон ҷашни Садаро ба мисли ҷашнҳои Наврўзу Меҳргон ҷашни миллии ориёӣ арзёбӣ намудаанд. Он яке аз ҷашнҳоест, ки то ба имрӯз бо ҳамон тавру тарзи пайдоишаш боқӣ намонда, бо тақозори замону вазъият моҳияти худро гум ва дар баъзе даврон ба тамоман аз байн рафтааст. Дар ойини меҳрпарастӣ ва зардуштия Сада таҷассуми худро дар оташ ва равшанию гармии он ёфта буд. Аз ин рӯ, ҷашни Садаро ҷашни пайдоиши оташ арзёбӣ намудаанд. Ҷашни Сада садумин рӯз аз оғози зимистон ва 50 рӯзу 50 шаб дар маҷмӯъ 100 рӯзи дигар монда ба аввали тобистон баргузор мегардид.

Роҷеъ ба номи Сада номзади илмҳои филологӣ Мавҷуда Ӯрунова иброз намуд, ки вожаи Сада аз калимаи «Сад» ва пасванди «-а» гирифта шудааст ва ҷавҳари иди Сада низ ҳамин 50 рӯзу 50 шаб мебошад, зеро ба гуфти Абӯрайҳони Берунӣ форсиён шабу рӯзро дар алоҳидагӣ ҳисоб мекарданд. Ин ҷашн дар даҳумин рӯзи моҳи ёдаҳумин - Баҳман таҷлил мегардид, зеро аз даҳуми Баҳманмоҳ то Наврӯз 50 шабонарӯз фурсат аст.

Мутриба Мавлонова, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти муосир бар он ақида аст, ки вобаста ба ном, рӯзи баргузорӣ ва сабабҳои пайдоши ҷашни Сада ақида ва нуктаи назари ягона байни олимону муҳаққиқон вуҷуд надорад. Зеро дар фарҳангҳо сабаби пайдоиши ҷашн, ба таври гуногун шарҳ дода шудааст. Мисоли он, ки Муҳаммадҳусейн бин Халафи Табрезӣ дар асари машҳури худ «Бурҳони қотеъ» гуфтааст, «Сада ҷашнест, ки порсиён дар рӯзи даҳуми баҳманмоҳ кунанд ва дар он рӯз оташи бисёр афрӯзанд». Дар ин асно Садаро ҳамчун ҷашни пайдоиши оташ, ки ҳамчун нури хуршд дар рӯи змин донистанд, таҷлил мегардид. Гӯё шоҳи пешдодӣ Ҳушанг – писари чоруми ҳазрати Одам (а) рӯзе бо сад нафар мулозимонаш ба тарафи кӯҳе бо номи Истахр рафт, ногоҳ мори азимҷуссаеро диду сангеро бардошт ва ба ҷониби мор партофт. Он санги чақмоқӣ хато шуд ва бар санг барҷаста, бар хасухошок афтод ва морро бисӯхт. Чун дар он замон ҳанўз оташ зоҳир нашуда буд, ҳушанг бо ҳамроҳонаш аз пайдо шудани оташ шоду хуррам гардида гуфт: «Ин нури худо аст, ки душмани моро кушт».

- Ривояти ҳосил шудани оташ дар маъхазҳои гуногуни аҳди бостон низ бо каме тағйирот омадааст ва онҳоро Фирдавсӣ ба риштаи назм кашида, ба ҷашни ҳарсола табдил ёфтани Садаро ба хотири поси ҳурмати оташ, ки ҳадяи аҳуроист, сурудааст, - гуфт Мутриба Мавлонова.

Умари Хаём дар «Наврӯзнома» ҷашни Садаро ба пирӯзии Фаридун ва Заҳҳок нисбат додааст. ӯ дар «Наврӯзнома» нигоштааст, ки «{амон рӯзе, ки Заҳҳокро бигрифт ва мулк бар вай (яъне Фаридун) рост гашт, ҷашни Сада бинҳонд ва мардум писандидаанд ва аз ҷиҳати фоли нек, он рӯзро ҷашн карданд ва ҳар сол то ба имрӯз ойини он подшоҳони некҳад дар Эрону Тӯрон ба ҷой меоранд.

Ривояти дигаре низ аз Абурайҳони Берунӣ дар ин мавзӯъ аст, ки пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок ва сабаби баргузории ҷашни Садаро бештар шарҳ додааст. Тибқи ин ривоят, вақте Заҳҳок зимоми ҳукуматро ба даст гирифт, ба вазираш Армаил амр кард то ҳар рўз ду ҷавонро кушта, мағзи сари онҳоро ба морҳои шонаҳояш бидиҳанд. Вале вазири некдилу нексиришти ӯ барои пешгирӣ аз куштани ҷавонон ҳар рӯз яке аз ин ду танро пинҳонӣ ба паноҳгоҳе дар кӯҳи Дамованд мефиристод. Касе аз ин амали ӯ огоҳ набуд. Вақте Фаридун бар Заҳҳоки мордӯш ғолиб омад, вазирро мавриди сарзанишу накӯҳиш қарор дод. Вазир дар посух ба ӯ гуфт: «Тавоноии ман бар он буд, ки аз он ду якеро бираҳонам ва ҳамаи онҳо, ки раҳоӣ ёфтанд, дар паси кӯҳи Дамованд ҳастанд». Фаридун ба гуфтаи Армаил бовар накард ва саворонеро фиристод, то ростии гуфтаҳои ӯро гувоҳӣ диҳанд. Чун шаб шуд фармуд, ки раҳоёфтагон биёянд ва дар боми хонаи хеш оташ афрӯзанд. Чунин карданд ва шӯълаҳои оташ дар бомҳо фурӯзон шуд. Аз бисёрии онҳо Фаридун хушҳол шуд, вазирро ба тахти зарин нишонд ва вилояти Дамованд бар ӯ супурд».

Ривояте дигаре ҳам ҳаст, ки шояд сабаби Сада ном гирифтани ҷашни аҷдодони мо гардидааст. Ин ба таърихи асотир меравад ва гуфта мешавад, ки вақте садумин фарзанди Ҳазрати Одам ба дунё меояд, ӯ ин рӯзро Сада мегӯяд ва ба ин муносибат ҷашн меорояд.

Баъди роиҷ шудани дини ислом ҷашнҳои қаблӣ аз байн рафтанд ва солиён ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтанд. Ин гуна ҷашнҳои қавмиву исломӣ дар замони шӯравӣ ҳам таҷлил намегардид. Зеро ҳар як даврон бо бозтоби замон ва вазъият ҷашнҳои худро дошт. Имрӯз, ким о дар замони соҳибистиқлол зиндагӣ дорему брои эҳёи ҷашнҳу ҳунарҳои худ имкони фарох дорем, барои зинда кардани ҷашнҳои Садаву Меҳргон қадамҳои устувор ниҳода шуд. Имрӯз баробари муҳаққиқон шоирону дибони давр ба эҳёи ҷашнҳои миллӣ таваҷҷӯҳ намуда, дар ашъори ноби худ онро тараннум кардаанд. Вале ба суоли он, ки «Сада чист?» Рустами Ваҳҳоб бо шеъри худ посухи мушаххас додааст, ки меҳвари маводи моро бозгӯ мекунад:

Чист, эй дӯст, Сада?

Сада, ин рамзи муҳаббат ба баҳор,

Сада, ин муждаи Наврӯз,

Сада мероси ниёгони ман аст!

Сада, ин оташи ҷовиди Хуросони ман аст!

Чист, эй дӯст, Сада?

Сада оғози яке соле пур аз иқбол аст,

Сада мероси Ҷаму Афредун,

Сада, ин Нораку Роғун,

Сада, ин партави хуршеди истиқлол аст!

Мавзун Ваҳҳобова, «Тирози ҷаҳон»