(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Субҳи имрӯз дар як ҷаласаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мудири тозатаъини шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд Усмонҷон Юсуфӣ муаррифӣ шуд.

Тибқи Амри Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода № 111 аз Усмонҷон Юсуфӣ Хуҷанд мудири тозатаъини шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд таъин карда шудааст.


Усмонҷон Юсуфӣ хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон буда, фаъолияти худро солҳои 2006-2007 ҳамчун мутахассис дар ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз намуда, солҳои 2010-2011 нозири хадамоти бехатарӣ дар Филиали ШС “Инновейтив Роуд Солюшнз Лтд” ҶТ дар вилояти Суғд, солҳои 2011-2013 хуқуқшинос дар КД “Истифодабарии манзил" –и соҳили чапи шаҳри Хуҷанд, аз соли 2013 то 2015 хуқуқшиноси КВДК “Сарраёсати ободонӣ ва хочагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳри Хуҷанд, солҳои 2015-2016 мутахассиси пешбари шўъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи Раиси ш.Хуҷанд, аз соли 2016 то 2017 сармутахассис-котиби комиссия оид ба ҳуќуќи кўдаки назди МИҲД-и шаҳри Хуҷанд идома бахшидааст.


То ба вазифаи мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд таъин гардиданаш Усмонҷон Юсуфӣ аба сифати мутахассиси пешбари шўъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи Раиси ш.Хуҷанд кору фаъолият дошт.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд