(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Дирӯз гуруҳи кории Маркази байналмилалии нигоҳдошт ва консерватсияи Дафтари минтақавии Юнеско таҳти роҳбарии Лю Ҷоу, профессори донишгоҳи Синхуа вориди шаҳри Хуҷанд шуданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода меҳмононро ба ҳузур пазируфта, бо ҳайати масъулин ва таърихшиносон ба эшон Маҷмааи меъмории Шайх Муслиҳиддин, Қалъаи Хуҷанд ва Мақбараи Ҳазрати Боборо муаррифӣ намуд.

Меҳмонон баъди тамошои мавзеъҳои таърихӣ ба ваҷд омада, изҳор доштанд, ки мардуми таҳҷоӣ аз фарҳангу тамаддун ва таърихи худ огоҳ буда, ҳифзу нигоҳдошти ёдгориҳои таърихиро вазифаи муқаддас мешуморанд. Зимни суҳбат изҳори боварӣ карда шуд, ки нуҳ ёдгории таърихии вилоят баъди омӯзиш ва таҳқиқу хулосабарорӣ ба силсилаҷоизаи Шоҳроҳи Бузурги Абрешим аз гузаргоҳи «Фарғона-Сирдарё» аз ҷониби Маркази байнамилалии нигоҳдошт ва консерватсияи дафтари минтақавии ЮНЕСКО қабул карда мешавад.

Бояд зикр дошт, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуҳ ёдгории таърихию фаҳангии вилояти Суғд - Қалъаи Ширини ноҳияи Спитамен, Петроглифҳо-сангнигораҳои ноҳияи Ашт, Маҷмааи меъмории Шайх Муслиҳиддин Қалъаи Хуҷанд ва Мақбараи Ҳазрати Бобои шаҳри Хуҷанд, Мақбараи Ҳазрати Шоҳи шаҳри Исфара, Қалъаи Қаҳ-қаҳа ва мавзеи Чилҳуҷраи ноҳияи Шаҳристон, мадрасаи Абдулатиф Султон(Нуҳ Гумбаз)-и шаҳри Истаравшан ба силсилаҷоизаи Шоҳроҳи Бузурги Абрешим аз гузаргоҳи минтақавии «Фарғона-Сирдарё» пешниҳод карда шудааст.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифз ва нигоҳдошти ёдгориҳои таърихӣ таваҷҷуҳи хоса равона намуда, ҷиҳати эҳёи онҳо маблағҳои зарурӣ равона месозад. Аз ҷумла, таъмиру навсозии Қалъаи Хуҷанд ва Мақбараи Ҳазрати Бобои шаҳри Хуҷанд оғоз шудааст ва ин мавзеъҳо дар оянда ба макони доимии сайёҳон мубаддал гардонида мешаванд.

Бояд таъкид намуд, ки алҳол аз мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон танҳо шаҳри қадимаи Саразм ва ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият “Оши палав” ва “Наврӯз”, “Чакан”- як навъи санъати гулдӯзии тоҷикӣ аз ҷониби ЮНЕСКО – Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид аллакай ба қайд гирифта шудааст.

Ҷоиз ба зикр аст, ки Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият соли 2008 таъсис ёфта, ҳадафи асосии он ҳифзи суннатҳо ва арзишҳои халқҳои гуногуни олам мебошад. Аз оғози таъсисёбиаш то ба имрӯз 509 номгӯй урфу одатҳо ва ҳунарҳои миллӣ аз 122 кишвари дунё ба ин руйхат ворид карда шудааст.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд