(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд машварати корӣ оид ба вусъат бахшидан ба истеҳсолоти соҳаи саноати шаҳр бо иштироки зиёда аз 80 нафар роҳбарони корхонаҳои саноатӣ баргузор гардид.

Ҷамшед Абдуқаюмзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ҷаласаро ифтитоҳ науда, доир ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ маълумот дода аз ҷумла афзуд, ки эълон гардидани саноатикунонии босуръати кишвар, ҳамчун ҳадафи стратегии чоруми миллӣ ва ба мамлакати индустриявӣ-аграрӣ мубаддал намудани Тоҷикистон аз ҳар як фарди ҷомеа, алалхусус соҳибкорон ва саноатчиён талаб менамояд, ки барои расидан ба ин ҳадафи ҳаётан муҳим тамоми кӯшишу ғайрати хешро равона созанд.

Қайд карда шуд, ки гузариш ба тараққиёти индустриявӣ-аграрӣ маънои онро дорад, ки соҳаи саноат ба сифати пешбарандаи ҷомеа баромад карда, ҳамчун муҳаррики асосии тараққиёти иқтисодӣ муайян мегардад. Инчунин ба соҳибкорони истеҳсолӣ эълон шудани маратория барои тафтиши фаъолият дар ду соли минбаъда, ҳар як молистеҳсолкунандаи ватанӣ, аз он ҷумла корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷандро водор месозад, ки ҳаҷми истеҳолотро бомаром афзоиш дода ба коҳишёбии он роҳ надиҳанд. Бинобар ҳамин мо бояд аз чунин ғамхории Давлату Ҳукумат, бахусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба истифода бурда, баҳри саноатикунони кишвар саҳми босазо гузорем.

Ҷамшед Абдуқаюмзода гуфт, ки дар асоси натиҷагирии ҷамъбасти соли 2018 ва вазифагузориҳо барои соли 2019, ки аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода имрӯз мо бояд барои дуруст ба роҳ мондани фаъолият дар соли 2019 чораандешӣ намоем. Бахусус фаъолияти бомароми корхонаҳои коркарди нахи пахта, пилла ва ғайраҳо. Саноатчиёни шаҳри Хуҷанд бо дарки амиқ кӯшиш намоянд ва иқтидорҳои мавҷударо самаранок ба роҳ мода, баҳри иҷрои сифатноки дастуру ҳидоятҳои Роҳбари Давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти хешр пеш баранд.

Зикр гардид, ки бо назардошти имконоту шароитҳои фароҳамовардашуда кулли саноатчиёни шаҳр бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки ҳаҷми истеҳсолотро дар соли 2019 дар сатҳи на кам аз 130 фисад таъмин намоянд.

Дар ин росто пешниҳод карда шуд, ки дар шаҳри Хуҷанд маҳфили машваратии саноатчиён бо шумули роҳбарони таҷрибадори соҳа таъсис дода шавад, ки ҳадафи асосии он мусоидат ҷиҳати ҳалли мушкилот ва муаммоҳои ҷойдошта дар корхонаҳои саноатии шаҳр мебошад.

Дар рафти машварат оид ба ташкил намудани озмунҳои соҳавӣ байни молистеҳсолкунандагон аз қабили «Соҳибкори беҳтарин», «Саноатчии беҳтарин», «Маркетологи беҳтарин», «Крхонаи беҳтарин» «Технологияи нави беҳтарин», «Андозсупорандаи беҳтарин» ва ғайра гузаронида шавад.

Дар анҷоми нишаст изҳори умедворӣ карда шуд, ки дар ҳамкорӣ ва ҳамдастии судманди бахши хусусии саноат ва Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба ҳадафҳои муайяншудаи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мерасанд ва ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо нишондиҳандаҳои назарраси саноатӣ сарбаландона истиқбол мегиранд.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд