(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз фаъолияти КДК «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд боздид намуд. Тавре, ки иттилоъ дода шуд, ки баъди ташрифи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷониби муасисаи мазкур корҳои назаррас ба иҷро расонида шуданд. Аз ҷумла, ҳудуди КДК «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд ба тартиб дароварда, аз партову хазонҳо тоза, ҳамзамон буриши санитарии тамоми дарахтон гузаронида шуд. Дар майдонҳои ҳудуди коргоҳ зиёда аз 500 000 (панҷсад ҳазор) адад қаламчаҳои гули садбарг шинонида шуда, бо селофани полиэтиленӣ он рўйпўш гардиданд. 2 адад гармхона бо парвариши 200 ҳазор гул низ фаъол гардонида шудааст.

Ҳамзамон муассисаи мазкур техникаҳои борбардорӣ ва заминнармкунӣ таъмин гардида, даромадгоҳи корхона аз масолеҳҳои сохтмонӣ тоза карда шуда, заминҳои бекорхобидаи муассиса ба воситаи техникаи заминнармкунӣ шудгор гардиданд.

Бояд қайд намуд, ки аллакай дар заминҳои муассисаи мазкур ниҳолҳои гуногуни ҳамешасабз ба миқдори 7000 адад шинонида шуда, ин ниҳолҳо дар ояндаи наздик кӯчаву хиёбонҳои шаҳрро оро медиҳанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода таваҷҷуҳи роҳбарияти КДК «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷандро баҳри самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаби замини муассиса, ки беш аз 8 гектарро ташкил медиҳад, ҷалб намуда, дастур дод, ки дар самти кишти гулу ниҳолҳои ҳамешасабз тадбирҳои тозаву дучанд андешида шавад. Харидории боз 3000 адад ниҳолҳои ҳамешасабз мувофиқи мақсад дониста шуд.

Маъруф Муҳаммадзода ба сохторҳои Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ супориш дод, ки ҷиҳати бакорандозии боз 3 гармхонаи муассисаи кабудизоркунӣ мусоидати фаъол намоянд. Таъкид гардид, ки ба таъмиру ороиши биноҳои иҳотавии муассиса, буриши санитарии дарахтон ва нигоҳубини доимии ниҳолҳои шинонидашуда таваҷҷуҳи доимӣ дода шавад.

Масъулини «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати иҷрои супоришҳои гузошташуда аз тамоми имконоту василаҳо истифода намуда, дар хурраму кабудизоркунии шаҳри бостонии Хуҷанд ҳиссагузорӣ хоҳанд кард.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд