(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки санаҳои 16-17 августи соли 2018 ба вуқӯъ пайваст, рӯйдоди муҳиме вобаста ба шаҳри Хуҷанд рух дод. Ин ҳам бошад, таъсиси аввалин корхонаи муштараки Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мавриди истеҳсоли трансформатор мебошад.

ҶДММ «Хуҷандторгмаш», ки яке аз калонтарин коргоҳи исеҳсолокунандаи таҷҳизоти барқӣ барои тарабхонаву ошхонаҳо мебошад, дар заминаи худ корхонаи муштараки «Элстан-Хуҷанд»-ро таъсис дод. ҶДММ «Хуҷандторгмаш» ба фаъолияти худ ҳанӯз аз солҳои аввали ташкилшавии давлати барқудрати Шӯравӣ, яъне соли 1925 оғоз намуда, ба истеҳсоли маҳсулоти барои хоҷагии қишлоқ зарурӣ, аз қабили белу каланд шурӯъ кард. Солҳои минбаъда вобаста ба таби замон маҳсулоти истеҳсолиашро дигшар карда, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба истеҳсоли техникаҳои ҷангӣ, ба монанди тиру туфанг ва таҷҳизоти танкӣ машғул шуд. Сипас, дар замони осоишта ба тайёр кардани ҷойхоби оҳанин ва минбаъд таҷҳизоти барои ошхона лозимӣ, аз қабили дегу тоба, он таҷиҳозоте, ки аз оҳан сохта мешаванд, истеҳсол мекард. Номгӯи маҳсулоти ин корхона то ба 60 намуд расида, харидорони худро дошт.

Баъди соҳибистиқлол гашгтани ҷумҳурӣ қариб ҳамаи корхонаҳои ватанӣ вазифаҳои таъинотии худро дигар намуданд ва ё баста шуданд. Аммо «Хуҷандторгмаш» ба рисолаташ содиқ монд, он ҳарчанд ба ҷмъияти дорои масъулияташ маҳдуд тбдил ёфтааст, вале ҳамоно ба истеҳсоли таҷҳизоти барқие, ки ба тарабхонаву ошхонаҳо заруранд, машғул буда, ба сокинон ҷойи кори мувофиқ фароҳам овардааст.

Директори генерлии он Музаффар Ҷумъаев қайд мекунад, ки агар замони пеш 80-90 фоизи маҳсулоти истеҳсолкардаи корхона ба кишварҳои дигар содир шавад, айни замон он пурра бозори дохилии кишварро бо таҷҳизоти ватанӣ таъмин мекунад. Ҷиҳози истеҳсолшаванда пурра рақобатпазир буда, бо намуди зоҳирӣ ва сифати корӣ ба талаботи бозор мутобиқ мебошад.

- Рӯйдоде, ки санаи 16 август дар Ҷумҳурии ӯзбекистон ба вуқӯъ пайваст, барои коргоҳи мо фаромӯшношуданӣ рӯйдод буд, зеро он барои боз ҳам устувортар гаштани корхонаи мо дар олами пуррақобати истеҳсолӣ такони ҷиддӣ дод, - гуфт Музаффар Ҷумъаев, - он рӯз байни корхонаи мо ва КМ «Элстан»-и Ҷумҳурии ӯзбекистон Созишномаи ҳамкорӣ баста шуд, ки тибқи он дар шаҳри Хуҷанд аввалин корхонаи муштарак бо ин ҷумҳурии ба мо дӯсту ҳамсоя таъсис дода мешавад.

КМ «Элстан-Хуҷанд» ба фаъолияти худ аз рӯзҳои аввали соли 2019 оғоз хоҳад кард ва аллакай дар рӯзҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз аввалин трансформаторҳои ватанӣ ба фурӯш бароварда мешаванд. Яъне корхонаи муштараки «Элстан-Хуҷанд» ба истеҳсоли трансформатор машғул шуда, вобаста ба талаботи харидорон ва фармоишгарон бо иқтидори калон фаъолият мекунад.

Корхона трансформаторҳои шиддатнокиаш гуногун, яъне аз 20 то 2500 киловаттро истеҳсол намуда, бо технологияи муосири олмонӣ кор хоҳад кард. Трансформаторҳо барои ҳама намуди биноҳо ва муассисаҳо назардошт гардида, аввалин фармоишгари он ширкати «Барқи тоҷик» мебошад.

-Хусусияти аввалине, ки мо аҳамият додем, ин сарфаи нерӯи барқ мебошад, - таъкид кард директори генерлии ҶДММ «Хуҷандторгмаш» Музаффар Ҷумъаев, - зеро аввалин вазифаи трансформатор низ шиддати барқро муназзам намуда, ба истифодабарандагон додани қувваи барқ аст. Трасформаторҳои замони шӯравӣ, ки аз замони истеҳсолашон солҳои зиёд гузаштааст, ба талафоти қувваи барқ мусоидат мекарданд, аммо трансформаторҳои замонавӣ сарфи нерӯи барқро кам карда, шиддати онро танзим мекунанд.

Барои сохтани трансформаторҳои замонавӣ бо технологияи олмонӣ ба корхона аз Ҷумҳурии ӯзбекистон таҷҳизот ва дастгоҳҳои махсус оварда шуда, мутахассисони ватанӣ барои омӯзиш ба мӯҳлати як моҳ ба ҷумҳурии ҳамсоя ба КМ «Элстан» фиристода мешаванд. Пас аз ба кор шурӯъ кардани корхонаи муштараки «Элстан-Хуҷанд» мутахассисони ӯзбек омада, барои сохтани трансформатор дастур хоҳанд дод. Ашёи хомро корхона аз Федератсияи Русия ва алюминийро аз ноҳияи Турсунзода, боқимонда ашёро аз Олмон харидорӣ мекунанд.

Корхона дар марҳилаи аввал 50 нафарро бо ҷойи корӣ таъмин намуда, вобаста ба талаботи фармоишгарон ҷойи корӣ бештар мегардад. Корхона ният дорад, ки баробари таъмин намудани муассисаҳои ватанӣ, ҳамчунин маҳсулоти худро ба кишварҳои ҳамсоя, аз қабили Афғонистону Покистон ва Қирғизистон содир намояд.

Дар маҷмӯъ, роҳбарияти кишвару шаҳр ва корхона тамоми кӯшишу ғайрати хешро барои аз дст надодани шӯҳрати «Хуҷандторгмаш» ва бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолӣ равона сохта, некӯаҳволии мардум ва бо нархҳои нисбтан арзон дастрас кардани маҳсулоти ватаниро дар мадди аввал мегузоранд.

Мавзун Ваҳҳобова, «Тирози ҷаҳон»