(0 овоз, миёна 0 аз 5)

16-уми январи равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар саҳни даромадгоҳи театри Хоҷа Камоли Хуҷандӣ бо лоиҳаҳои иншооти нав, аз қабили азнавсозии Қалъаи Хуҷанд, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, марказҳои муосири савдою хизматрасонӣ, азнавсозии Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, тарабхонаҳо, ки дар минтақаҳои гуногуни шаҳр бунёд мешаванд, шинос гардиданд.

Зимни муаррифии тарҳи иншооти азнавсозии Қалъаи Хуҷанд ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дода шуд, ки корҳои таҷдиди Қалъа оғоз ва рӯзҳои наздик суръати он афзун карда мешавад. Дар лоиҳаи азнавсозии Қалъа 9 ҳавлии қадима, растаҳои ҳунармандон, маҳаллаҳои ҳунармандон ва ғайраҳо пешбинӣ шудааст.

Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини дахлдор дастур дод, ки ба лоиҳаи азнавсозии Қалъаи Хуҷанд сохтмони хонаи Амир, толори қабули меҳмонон, чойхона, мағозаҳои армуғонӣ бо назардошти инфрасохтори муосир ворид карда шавад.

Таъкид шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2017 зимни пешниҳоди Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи Паём Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда, сайёҳиро яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисодии мамлакат ва муаррифи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ арзёбӣ намуданд. Сарвари давлат иброз доштанд, ки шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст. Танҳо зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад.

Биноҳои баландошёнаю азнавсозии боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, марказҳои савдо, тарабхонаҳои брендӣ, роҳи танобӣ ва ғайраҳо дар шаҳри Хуҷанд дар идомаи ташаббусу иқдомҳои созандаи шаҳрдорӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохта шуда, тайи ду соли оянда боиси ба куллӣ дигаргун шудани шаҳри Хуҷанд мегардад. Баъди муаррифии лоиҳаҳои номбурда Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини дахлдор ҷиҳати ба талаботи замони муосир ва сифатнок иҷро намудани корҳо дастуру супоришҳо дод.

Раиси вилоят ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд доир ба бунёди инфрасохтори зарурӣ, ба монанди майдончаҳои бозии кӯдакон, таваққуфгоҳ, боғи адибон, марказҳои истироҳатию фароғатӣ, васеъ намудани роҳҳо, чароғонкунии кӯча, биноҳои баландошёнаи истиқоматию маъмурӣ ва кабудизоркунии муҳити атроф низ супоришҳои мушаххас дод.

Раҷаббой Аҳмадзода амалӣ намудани иқдоми мазкурро дар фароҳам овардани шароити аз ин ҳам беҳтари кору зиндагӣ барои сокинон муҳим арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки сохтмони тамоми иншоот дар муҳлати муайяншуда бо риояи тамоми талаботи меъморию шаҳрсозӣ ба анҷом расонида шавад.

Раиси вилоят ҳамзамон аз раванди бунёди тарабхонаи «Темурмалик» ва роҳи танобӣ аз наздик шинос шуд. Ҷиҳати суръатбахшии корҳо ба мутасаддиёни сохтмон дастуру супоришҳо дода шуд. Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон аз омодагии ҷомеаи меҳнатиии МД «Боғи Камоли Хуҷандӣ» ба Фестивали лола ошноӣ пайдо намуда, маслиҳату машваратҳои судманд дод.

Боиси хушҳолист, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иқдомҳои созандаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва заҳматҳои шабонарӯзии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода тайи солҳои охир шаҳри Хуҷанд ба куллӣ дигаргун шуда, ҳамчунин дар натиҷаи заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаи сокинон ва соҳибкорони бонангу номуси он бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намудаанд.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд