(2 овоз, миёна 3.00 аз 5)

Дар МТТ№18-шаҳри Душанбе марҳилаи ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Мураббияи соли Тоҷикистон» баргузор гардид ва аз миёни 5 нафар довталабони асосӣ мураббияи ширхоргоҳ- кӯдакистони рақами 27-и шаҳри Хуҷанд Ҳанифа Валиева Шоҳҷоизаи озмунро ба даст овард.

Мураббияҳо аз рӯйи шартҳои “Ҳисоботи эҷодии фаъолият”, “Тасвир намудан ва сохтани манзара бо дархости доварон”, “Машғулияти таьлимӣ”, “Муаррифии фаъолияти педагогӣ”, “Дониш ва маҳорати касбии мураббиён” ва “Таҳлили ҳолатҳои равонии педагогӣ” маҳорати хешро нишон доданд.

Ҳамин тавр бо гирифтани мақоми аввал мураббияи ширхоргоҳ- кӯдакистони рақами 27-и шаҳри Хуҷанд Ҳанифа Валиева аз ҷониби Латофат Назирӣ, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷом, 2000 сомонӣ маблағи пулӣ ва нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” тақдим карда шуд.

Бояд таъкид намуд, ки ҳадафи ташкили чунин озмун дарёфт ва муайян намудани мураббияҳои беҳтарин, ки дар асл эҷодкор ва дилбохтаи касби хеш мебошанд, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии мураббиён, тарғибу ташвиқи таҷрибаи пешқадами педагогӣ, муайян намудани мураббиёни эҷодкор ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами онҳо мебошад.

Ёдовар мешавем, ки бори охир соли 2014 мураббияи кӯдакистони шаҳри Хуҷанд Малика Исобоева, ки алҳол мудири МТТ №6-и шаҳр мебошад, сазовори унвони «Мураббияи соли Тоҷикистон» гардида буд, бо гузашти 5 сол боз намояндаи шаҳри Хуҷанд ин ҷоизаи баландро соҳиб шуд.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд