(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Соли 2018 дар шаҳри Хуҷанд баҳри баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа чораҳои судманд андешида шуд ва шумораи занон дар ҳайати роҳбарикунандаи шаҳр ба миқдори 60 нафар афзуд.

Имрӯз дар хоҷагии халқи шаҳр маҷмуъан миқдори занони роҳбар беш аз 1200 нафарро ташкил менамояд. Аз ин миқдор дар Маҷлиси вакилони шаҳр 8 нафар ё 22,5 фоиз, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 26 нафар ё 23,0 фоиз фаъолият доранд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ду сол инҷониб тасмим гирифтааст, ки дар ҷиҳати омода намудани занону духтарони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда курси семоҳаи “Мактаби сарварӣ”- ро барои ҷавонзанону духтарони корхонаю ташкилотҳо соҳаҳои гуногун маориф, тандурустӣ роҳандозӣ намуда, баъди хатм ба онҳо “Гувоҳнома” тақдим намоянд. Соли гузашта 20 нафар соҳиби чунин “Гувоҳнома”-ҳо шуданд.

Гуфта мешавад, ки ин иқдом бо мақсади таъмини иҷрои Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022 амалӣ карда мешавад.

Дар ин замина барномаи шаҳрӣ таҳия ва қабул гардидааст, ки дар асоси он фаъолият дорад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки алҳол нисфи зиёди аҳолии шаҳри Хуҷандро занону духтарон ташкил медиҳанд, ки беш аз 21 ҳазору дусад нафари онҳо қувваи қобили меҳнат буда, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар пешбурди корҳо саҳм мегиранд.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд