(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар гимназияи №1-и ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд бо иштироки Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурўҳи корӣ оид ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Насим Олимзода, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, роҳбарони идораву ташкилот ва сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва фаъолон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хуҷанд дар соли 2018 ҷаласаи васеъ баргузор гардид.

Ҷаласаи фаъолонро Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ифтитоҳ бахшида, иттилоъ дод, ки дар рӯзномаи маҷлис натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хуҷанд дар соли 2018 баррасӣ ва вазифаҳо барои соли 2019 муайян карда мешаванд.

Сипас, Ҷамшед Абдуқаюмзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд оид натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хуҷанд дар соли 2018 маълумоти муфассал ироа намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки дар натиҷаи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон густариши ислоҳоти иқтисодӣ ва истифода аз захираҳои мавҷуда ба мо имкон дод, ки рушди бонизоми иқтисодии шаҳр ҳамчун қисми таркибии иқтисоди миллӣ таъмин гардида, дар соли 2018 ба нишондиҳандаҳо ва дастовардҳои назарраси соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ноил гардем. Бо мақсади тавсеаи нуфузи шаҳр ҳамчун минтақаи саноатии вилоят ва таъмин намудани рушди босуръати соҳаи пешбарандаи иқтисодиёт, ҷиҳати вусъат бахшидан ба истеҳсолоти воридотивазкунанда ва афзунгардонии иқтидори содиротӣ тадбирҳои судманд роҳандозӣ шуда истодааст. Боиси қаноатмандист, ки соли ҷорӣ барои ин соҳа хеле бобарор буда, новобаста аз омилҳои манфии таъсири беруна ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида бори нахуст аз сатҳи 1,0 миллиард сомонӣ зиёд гардида, он ба 1132,4 млн.сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,9 фоиз афзудааст. Таҳлили нишондиҳандаҳои соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр нишон дод, ки шумораи корхонаю муассисаҳо ба 1783 адад расида, теъдоди умумии кормандон 1081 адад зиёд шудааст, 12 адад корхонаҳои нави истеҳсолӣ (бо назардошти соҳибкорони инфиродӣ) бо теъдоди 296 ҷойи кории нав таъсис дода шуда, шумораи умумии корхонаҳои калону хурд ба 165 адад расидааст. Баҳри рушди соҳаи саноати шаҳр ба маблағи зиёда аз 73,0 миллион сомонӣ сармояҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҷалб гардид, ки нисбат ба соли 2017, ба 24,0 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар соли 2018 номгўи намуди маҳсулотҳои истеҳсолшаванда низ зиёд шуда, аз ҷониби 11 корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 188,4 миллион сомонӣ маҳсулот ба мамлакатҳои хориҷӣ содирот карда шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 5,2 миллион сомонӣ ё 2,8 фоиз зиёд шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки нақшаи қисми даромади буҷети давлатии шаҳр ба андозаи 106,8 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 380,2 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқ гардида (375,9 миллион сомонӣ) 4,3 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 ба маблағи 37,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ба буҷети маҳаллии шаҳр бошад, бо назардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҷои 155,4 миллион сомонии пешбинигардида, 155,5 миллион сомонӣ андозу пардохтҳо ворид гардидааст, ки дар муқоиса ба соли гузашта ба маблағи 18,8 миллион сомонӣ ё 13,8 фоиз афзудааст. Дар соли 2018 ҳаҷми маблағгузории асосӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои молиявӣ 265,2 миллион сомониро ташкил дода, ба маблағи 206,1 миллион сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ ба анҷом расонида шуданд, ки он нисбат ба соли 2017 мутаносибан 34,7 ва 80,6 фоиз афзоиш ёфтааст. Ҷиҳати афзоиши ҳаҷми фондҳои асосӣ зиёда аз 300,0 миллион сомонӣ масраф гашта, ба маблағи 207,1 млн. сомонӣ расман ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба соли 2017, 9%м ва ё 17,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад .

Илова бар ин, корхонаҳои пудратӣ ҳаҷми корҳои ба сомон расонидашударо дар қиёс ба соли гузашта 26,4 фоиз зиёд буда, ҳаҷми он ба 216,7 млн. сомонӣ расидааст. Бо мақсади дуруст ва мақсаднок ҷойгир намудани иншоотҳо дар минтақаҳои аҳолинишини шаҳр, дар асоси лоиҳаи банақшагирии дақиқ ва муфассали сохтмони шаҳр 23 иншооти маданию маишӣ, истиқоматию коммуналӣ ва саноатӣ сохта ба истифода дода шуд.

Ҷамшед Абдуқаюмзода гуфт, ки дар доираи “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ҷиҳати ҷалби сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ дар шаҳр чораҳои амалӣ андешида шуда истодааст. Бояд зикр намуд, ки аз ҷониби 5 ширкатҳои сайёҳӣ ва дигар ташкилотҳои ба ин самт шомил буда, ба 56,7 ҳазор нафар, аз ҷумла 2,5 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ ва 54,2 ҳазор нафар сайёҳони дохилӣ хизмат расонида шуда, ҳаҷми он ба 1,8 миллион сомонӣ расидааст. Дар қатори дигар иншоотҳо ҷиҳати рушду такмили соҳаи сайёҳӣ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар боғи Камоли Хуҷандӣ ба бунёди роҳи танобӣ бо дарозии 1050 метр, тарабхонаҳои брендии “Форел” дар кўчаи Сирдарё ва “Темурмалик” дар хиёбони Раҳмон Набиев санги асос гузошта шуд. Аз оғози сол бошад, дар арафаи иди «Наврўз-2018» дар маркази шаҳр меҳмонхонаи “Парламент” ва қаҳвахона-тарабхонаи замонавӣ бо номи «Ситораи Хуҷанд» ба истифода дода шуда, шиногоҳи соҳили дарёи Сир аз нав эҳё гардид.

Зикр гардид, ки дар соли ҷорӣ 4809 адад муроҷиати хаттии шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст. Ҳамаи муроҷиатҳои бақайд гирифташуда сари вақт баррасӣ ва қонеъ карда шуданд. Илова бар ин, дар 94 рўзи қабул тибқи системаи хизматрасонии “Равзанаи ягона”, аз ҷониби роҳбарияти шаҳр дархости 1413 нафар шаҳрвандон асосан қонеъ карда шуд. Баҳри риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” чораҳо амалӣ гашта, дар соли 2018, 1136 маърака ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 - 1486 адад кам мебошад. Дар натиҷа хароҷоти маъракаҳо низ ба ҳисоби умумӣ 7,5 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 8,4 млн. сомонӣ маблағ кам сарф гаштааст.

Дар ҷараёни ҷаласаи ҷамъбастии шаҳр аз тарафи Раиси шаҳри Хуҷанд ҳамчунин як қатор мудирони шуъбаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, аз ҷумла Раҳим Солизода, мудири бахши нақлиёт ва алоқа, Муҳайё Акмалхӯҷаева, мудири маорифи шаҳр, Мурод Раҷабов, мудири шуъбаи кор бо маҳаллаҳои шаҳр, Муяссар Сангинова, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр, Даврон Шокиров, директори генералии КВДК “Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ”-и шаҳр ва дигарон пурсиш ба амал оварда, доир ба ҳалли муаммоҳои соҳавӣ вазифагузорӣ карда шуд.

Дар ҷараёни кори ҷаласа Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурўҳи корӣ оид ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Насим Олимзода, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, доир ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақвияти нишондиҳандаҳои иқтисдиву иҷтимоии шаҳри Хуҷанд баромад намуданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба вазифагузорӣ барои семоҳаи аввали соли 2019 ба кори ҷаласаи фаъолон ҳусни анҷом бахшид.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд