(2 овоз, миёна 3.00 аз 5)

Дар доираи нақша-чорабиниҳои 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурўҳи корӣ оид ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Насим Олимзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода як бинои баландошёнаи истиқоматӣ воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ 2 расман ба истифода дода шуд.

Бунёду ба истифода додани ин бинои ёздаҳошёнаи истиқоматии 2-3 ҳуҷрагӣ дар маҷмуъ 40 адад ва бо толори варзишии фитнеси занона бо саҳму иқдоми соҳибкорони ватанӣ собитгари пуштибонӣ аз сиёсати созандагии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самараи дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва ҷалбу ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд бо бахши хусусӣ дар бунёди чунин иншооти замонавии иҷтимоӣ ва бунёдкорию ободонӣ мебошад.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Насим Олимзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба фаъолияти ин иншооти нав расман ифтитоҳ бахшида, нақшу саҳми соҳибкорони ватаниро дар рушди ободонӣ муҳим арзёбӣ намуда, бунёд шудани чунин иншоооти таъиноти иҷтимоиро самараи Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ намуданд.


Дар маркази шаҳри Хуҷанд бунёд гардидани биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо толори машқу тамрини зана, таваққуфгоҳ барои нақлиёт, майдончаи варзишии замонавӣ, мавзеи сайру истироҳат дар баробари соҳиби манзил шудани сокинон шароитҳои замонавӣ фароҳам оварда шудаанд. Шаҳрвандон метавонанд бидуни фоиз аз бинои мазкур давоми ду сол соҳиби манзили истиқоматӣ шаванд.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд